Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Боғ хеле қадима буд; дар ин бора на фақат дарахтони азим, балки муҷассамаҳои мӯйкафта, ки онро зинат медоданд, гувоҳӣ медоданд. Онҳо бо қалами ҳаккокии устоҳои испани сохта шуда буданд ва қаҳрамонони давраҳои пешинаро тасвир мекарданд. Шумо дар ин ҷо Кондэи бузург, Кампеадор1, Фердинанд ва маликаи боғайрати ӯ; дарёнаварди бузургро, ки кашфи Америка ба ӯ дахл дорад; ду конквистадори2 машҳур Кортес ва Пизарро; ва ҳиндудухтар Малинчо3, ки бо соҳибҷмолӣ ва садоқатнокӣ нисбат ба маҳбубаш ном бароварда буд, дида метавонед.

Аммо Луиза дар байни ин муҷассамаҳои сангӣ машқи қамонандозӣ намекард, агарчи борҳо ӯро дар назди ҳайкали Малинчо дидан мумкин буд, ки истода ба чеҳраи зебои ӯ менигарист. Луиза дар худ қуввату ҷасорат пайдо карда наметавонист, ки ҳиндудухтари соҳибҷмолро барои сарлашкари испаниро дӯст доштанаш маломат кунад. Креолдухтари ҷавон дар қаъри дил ҳис мекард, ки таънаямо маломати Малинчо ин кори ӯ нест. Охир худи вай ҳам дунёро пушти по зада, қалби худро ба шахсе, ки Кортес барин машҳур набудаҳ ҳам, бахшида буд, агарчи, ба фикри вай, камтар лоиқи ҳамду сано набуд.

Не, Луиза Пойндекстер дар байни ин муҷассамаҳо тирандозӣ намекард. Ӯ ба таги дарахтони баланде мерафт, ки онҳо ба қачини печи дарё рӯпӯд, дар байни соҳил ва боғ закалаки нимдонраро ташкил медод. Дар ин ҷо дарахтони чанд қари муқаддам шинонидаи худи табиат тут, кедр ва гикори рӯида буданд, ки боғбон вақти боғ карданаш раҳм намуда онҳоро решакан накарда буд.

Креолдухтар дар зери гумбади сабзи ин азаматҳон бешагӣ пишастан ӯ худ дар соҳили дарёи шаффоф, ки хоболудона ҷорӣ шуда мерафт, гашту гузор карданро нағз медид.

Дар ин ҷо Луиза тамоман танҳо буда метавонист, вақтҳои охир бошад ӯ танҳоиро мекофт. Падар ҳатто дар лаҳзаи нохуштарини рӯҳияш ба ин муқобилат намекард. Аз ваҷҳи вай хотираш ҷамъ буд: деворҳои Каса-дель-Корвор, ки бе мадади зи-

1 Кондэ (1621—1686) — сарлашкари франсуз. Сид Кампеадор (1040—1099) — баҳодури машҳури испаний, ки дар ҷангҳои муқобили маврҳо ном бароварда буд.
2 Конквистадорҳо — истилогарони испану португал, ки Америкаи Марказӣ ва қисми зиёди Америкаи Ҷанубиро фатҳ намуда, бо аҳолии маҳаллӣ ниҳоят бераҳмона рафтор карда буданд.
3 Малинчо (Марина) — тарҷумони Кортес, ки баъд зани ӯ мешавад.

пешина
аз 509
навбатӣ