Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
— Ҳамааш ҳамин?— беихтиёр аз даҳони Луиза баромада монд, ки гӯё дар ин ягон чизи ваҳмангез набуд.— Ту моро тарсонди. Ман фикр кардам, ки ягон воқеаи даҳшатноктаре рӯй додааст.
— Даҳшатноктар? Чӣ ҳарзаяест, ки мегӯӣ, духтарам! Дар Техас дар пайраҳаи ҷанг будани команчиҳо аз ҳама даҳшатноктар ва аз ҳама хатарноктар аст.
Шояд, Луиза дар хусуси дигар воқеаҳои пурхатаре, ки аз онҳо ҷон ба саломат бурдан кори осон набуд, фикр карда, бо ин розӣ нашуд. Шояд, галаи айғирҳои ёбой ё изи лассо дар дашти сӯхта ба хотираш омад. Ӯ ҳеҷ чиз ҷавоб надод.
Суханро Колхаун идома дод:
— Майор боварӣ дорад, ки ҳиндуҳо ба сар кардани ҷанг азм кардаанд? Ӯ чӣ навиштааст, тағо?
— Навиштааст, ки чанд рӯз боз дар байни мардум овоза аст, вале ӯ ба онҳо чандон аҳамият намедод. Акнун ҳамааш тасдиқ гардид. Дирӯз бегоҳӣ Гурбаи Ваҳшӣ — пешвои семинолҳо — ҳамроҳи ҳамқабилаҳояш ба қалъа омад. Онҳо хабар доданд, ки команчиҳо дар сартосари Техас дар деҳаҳои худ ходаҳои рангкарда задаанд ва як моҳ боз усули ҷангро мерақсанд, якчанд отрядашон аллакай ба юриш рафтаанд ва ҳар дақиқа дар Леона пайдо шуданашон мумкин!
— Магар худи Гурбаи Ваҳшӣ беҳтар аст?— воқеаи мустангер нақл кардаро ба хотир оварда пурсид Луиза.— Наход ба ин хоин бовар кардан мумкин бошад? Аз кору кирдораш маълум, ки вай чӣ тавре, ки ба ҳамқабилаҳои худ душман бошад, ба сафедпӯстон низ ҳамон хел душман аст.
— Гапат ҳақ, духтарам. Майор дар постскриптум ба ӯ айнан ҳамин хел баҳо додааст. Ӯ маслиҳат медиҳад, ки бо ин дурӯяи нобакор, ки албатта, баробари ба ӯ манфиатнок намудан ба тарафи команчиҳо мегузарад, эҳтиёт будан лозим аст... Хайр чӣ,— ба суханаш давом намуд плантатор ва мактубро ба як тараф гузошта, ба хӯрдани қаҳва ва вафлиаш шурӯъ намуд,— ман умедворам, ки мо дар ин ҷо сурхпӯстон — на команчиҳоро мебинем, на семиполҳоро. Фикр кардан лозим, ки команчиҳо ба пайраҳаи ҷанг баромада, дар назди деворҳои кунгурадори Каса-дель-Корво ақибнишинӣ хоҳанд кард ва ба асиендаи мо ҷуръати даст расондан намекунанд...
Дар ҳамин асно дар назди дари хонаи таомхӯрӣ, ки онҳо ба ношто нистафта буданд, башараи сип-сиёҳи фойтунчӣ намоён гашт ва мавзӯи сӯҳбат дигар шуд.
— Ба ту чӣ лозим, Плутон? — аз ӯ пурсид Пойндекстер.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо