Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
буданд. Дар сурати якум доир ба хатари ба сарашон омада гап мезаданд, дар сурати дуюм — ҳамин масъала мавриди муҳокимаи онҳо буд, ки пешвоёни сурхпӯстон оё ба муддати зиёд ба гӯронидани томагавкҳои¹ худ қарор дода бошанд.
Ин мавзӯъ ҳар вақт ва дар ҳама ҷо — ҳангоми ношто, дар вақти наҳор, таоми шом муҳокима карда мешуд. Хоҳ дар асиендаи плантатор бошад, хоҳ дар кулбаи шикорчиён калимаи «хирс», «пума», «пекари»² назар ба калимаи «ҳинду», камтар ба забон гирифта мешуд ва камтар ба дил воҳима меандохт. Дар Техас кӯдаконро бо ҳиндуҳо метарсониданд, вале худи падару модарон низ аз онҳо метарсиданд.
Ҳатто деворҳои баланди сангин Каса-дель-Корво, ки ба асиенда сурати қалъа дода буданд, сокинони онро аз тарсу ҳаросе, ки тамоми аҳолии минтақаи сарҳадиро ба изтироб андохта буд, наҷот намедоданд.
То ҳол оилаи Пойндекстер дар бораи ҳиндуҳо фақат айдак тасаввур дошт ва он ҳам танҳо аз рӯи шунид буд; вале доир ба «офати ин ҷойҳо» рӯз то рӯз бештар маълумот мегирифт.
Онҳо акнун бовар мекардагӣ шуданд, ки ин хатар гапи бофтаю сохта нест; аммо ҳар касе, ки ҳоло ҳам ба ин шубҳа мекард, мактуби майор, коменданти қалъа, ки тахминан баъди ду ҳафтаи сайри дашт фиристода буд, мебоист охирини гумону шубҳаро бартараф менамуд.
Мактубро субҳи барвақт тирандози савора овард. Он ҳамон вақте ба плантатор супурда шуд, ки вай барои ношто ба сари столи ороста нишаста буд ва дар атрофи он аҳли оилаи вай: духтараш Луиза, писараш Генри ва хоҳарзодааш Кассий Кол-хаун ҷамъ омада буданд.
— Навигариҳои аҷиб! — мактубро сар-сарӣ хонда баромада хитоб намуд Пойндекстер. — Ва агар ин рост бошад, навигариҳои басе нохуш. Вале дар сурате, ки майор ин гуна боварӣ дорад, ҷои шубҳа нест.
— Навигариҳои нохуш, дада? — суп-сурх шуда пурсид духтараш ва фикр кард: «Майор чӣ навишта бошад? Ман дирӯз ӯро дар паттазор вохӯрдам. Ӯ маро ҳамроҳӣ... Нахоҳ дар ҳамин бора навишта бошад? Худоё, агар падарам фаҳмад!...»
— «Команчиҳо дар пайрахан ҷанг мебошанд», — ана чӣ навиштааст майор, — гуфт Пойндекстер.
¹ Томагавк — аслиҳаи ҳиндуҳо: табарчаи хурдакак. «Томагавк гӯронидан» — сулҳ бастан.
² Пекари — хуки ваҳшии американӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо