Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

даму донья Исидораро аз чанголи ҳиндуҳо — Гурбан Ваҳшӣ ва ҳамқабилаҳои ӯ, семиполҳо наҷот додам. Вақте, ки донья Исидора аз Рио-Гранде баромада, ба соҳилҳои Леона ба хонаи амакаш, дон Сильвио Мартинес равон мешавад, — ху ана хонааш намуда менусад, — онҳо ба вай дармеафтанд. Разилон маст буданд ва агар марг набуд ҳам, ба ҳар ҳол хатари калоне ӯро таҳдид менамуд. Агар ман дар вақташ расида намерафтам, гурехта халос шудани он бечора хеле мушкил буд.
— Шумо ӯро ёрии хурдакак меномед? Шумо одами хеле хоксор ҳастед, мистер Гералд. Агар ман ба чунин вазъият меафтидаму ягон кас маро наҷот медод, дар он сурат...
— Бо чӣ подоши ӯро медодед? — бо ҳаяҷон пурсид мустангер.
— Ман ба ӯ ошиқ мешудам, — зуд ҷавоб дод Луиза.
— Агар ҳамин тавр бошад, — ба тарафи Луиза ҳам шуда пичиррос зад Морис, — ман нисфи ҷонамро медодам, ки шуморо дар чанголи Гурбан Ваҳшӣ ва рафиқонаш бинам ва боз нисфи ҷонамро медодам, ки шуморо аз дасти онҳо раҳонам!
— Ин гапатон рост, Морис Гералд? Шӯхӣ намекунед — охир ман кӯдак нестам. Ман мехоҳам ҳақиқатро фаҳмам! Гӯед, ки шумо бо ман самимона гап мезанед?
— Ба ман бовар кунед, ин ҳақиқат аст!
Луиза Пойндекстер дар рикоб нимхез шуда, дасташро ба китфи мустангер гузошт. Ба бӯсаи мустангер ҷавоб дода, ӯ бо ҳарорат пичиррос зад:
— Ман туро дӯст медорам!

Боби XXVIII

МАҲРУМИ ТАМОШО

Аз бозӣ дар Техас пайдо шудани муҳоҷирони англосаксонӣ — ҳатто гуфтан мумкин, аз замони Техасро мустамликаи худ кардани аҷдодони конквистадорҳо, ки ин сад сол муқаддам воқеъ гардида буд, — барои аҳолии он аз ҳама муҳим муносибат бо ҳиндуҳо буд.
Ҳиндуҳо, соҳибони қонунии мамлакат, бо муҳоҷирон хоҳ дар ҳолати ҷанг бошанд, хоҳ бастани сулҳи муваққатӣ ба онҳо муяссар гардида бошад ҳам, аз ду сар онҳо якзайл мавзӯи муҳокима

пешина
аз 509
навбатӣ