Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
— Ҳо-ҳо! Миссла Вудли, ба ин ҷавон ҳеҷ чиз лозим нест. Ман ҳамту нигоҳ кардам: фақат ба мисс Луи гуфтанӣ будам, ки тезтар ношто кунад — мустанги гули бодом аллакай зин карда шудааст ва нигарон аст, ки сулукро ба даҳонаш андозанд. Мустанги гули бодом дар рӯи сангҳо истодан намехоҳад, зӯр зада ба дашт ба рӯи алафи нарм рафтанӣ аст.
— Ту ба гардиш меравӣ, Луиза? — норозигиашро пинҳон накарда пурсид плантатор.
— Ҳа, дада. Ман мехостам каме гардиш кунам.
— Мумкин нест!
— Наход!
— Гапа фаҳм: ман намехоҳам, ки ту худат танҳо равӣ. Ин аз рӯи одоб нест.
— Чаро ин тавр фикр мекунӣ, дада? Охир аксар вақт ман худам танҳо мерафтам.
— Ҳа, мутаассифона, аз ҳад зиёд бисёр.
Эроди охирин духтарро маҷбур кард, ки каме сурх шавад, агарчӣ боварӣ надошт, ки падараш чиро дар назар дорад.
Вале Луиза таги гапро накофт. Баръакс вай беҳтар донист, ки гапро ба дигар тараф барад, ки ин аз ҷавобаш маълум буд.
— Дада, агар ту муқобил бошӣ, ман дигар ба сайру гашти дашт намебароям. Вале вақте ки шумо мардҳо бо кору бор баромада меравед, наход ту мехоҳӣ ки маро дар хона қулф карда равӣ? Ана дар Техас ман бояд чӣ хел зиндагӣ ба сар барам!
— Ту гапи маро нафаҳмидӣ, Луиза. Ман асло муқобили ба сайру гашт рафтани ту нестам, вале ягон кас бояд туро ҳамроҳӣ кунад. Ҳамроҳи Генри ё Кассий рав. Ман ба ту фақат танҳо гаштугузор кардаанро манъ мекунам. Ба ин ман ваҷҳ дорам.
— Ваҷҳ? Чӣ хел ваҷҳ?
Ин савол беихтиёр аз даҳони Луиза баромада монд. Ӯ дарҳол афсӯс хӯрд, ки худдорӣ карда натавонист. Ва бо тарсу ҳарос мунтазири ҷавоб шуд.
Аммо Пойндекстер ӯро ором кард.
— Боз ба ту чӣ хел ваҷҳ лозим? — зоҳиран бо осудагӣ баҳонаи муносибро дастак кард плантатор. — Пеш аз ҳама ана ҳамин мактуби майор. Аз хотир набарор, ки Техас — ин Луизиана нест, ки духтар аз хорию таҳқир ё ғорат шудан натарсида, ба ҳар куҷо ки хоҳад оромусона баромада рафтан гирад. Дар ин ҷо, дар Техас, ҳатто ба ҷонаш хатар таҳдид мекунад. Масалан, ҳиндуҳоро гирем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо