Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Шиҳои асп ва ба сангҳои қади роҳ бархӯрда чирингос задани наъл фикру хаёли Луизаро бурид.
Луиза ба поён нигарист. Мустангер аз пастҳамии ҷаридор рост ба назди вай мебаромад. Агар ин қадар бодиққат ба дур нигоҳ намекард, пештар Морисро диданаш мумкин буд.
Пештара барин мустангер танҳо буд; ва ба гумон кардан ҳеҷ асосе набуд, ки ӯ навакак бо ягон кас, алалхусус, бо маъшуқааш хайру манзур кардааст. Мустанги гули бодом ба саломи шиноси деринаш аллакай ҷавоб дод. Креолдухтар ноилоҷ аз ҷояш наҷунбида, расидани мустангерро мунтазир шуда истод.
— Салом, мисс Пойндекстер, — наздик омада гуфт ӯ. — Дар дашт расму таомул нест, ки хонумҳо аввал салом диҳанд. — Шумо танҳо мебошед?
— Танҳо, сэр. Чаро шумо тааҷҷуб мекунед?
— Буттазорон барои сайру гашт чандон ҷои муносиб нестанд. Зимнан, шумо боре ба ман гуфта будед, ки танҳо сайругашт кардан ба шумо маъқул аст.
— Гӯё ин гуна сайругаштҳо ба шумо ҳам маъқул мебошанд, мистер Чералд. Лекин гумон аст, ки шумо азоби танҳои кашед... Ҳамту не?
— Ман маҳз барои ҳамин танҳо мегардам, ки танҳоиро нағз мебинам. Мутаассифона, аз ноилоҷӣ дар меҳмонхона зиндагӣ мекунам. Он ҷо чунон сермагал аст, ки ба одами солим ҳам мушкил мебошад, — ман бошам, инро бештар ҳис мекунам. Бинобар ҳамин дар ин ҷойҳои ором савора сайругашт кардан ба ман ҳаловати тасвирнашаванда мебахшад. Сояи салқини дарахтони акоқиё ва насими рӯҳафзо, ки баргҳои бодбезакшакл монда нашуда бозӣ мекунад, ҳатто ба шахси мурда истода қувват мебахшад. Ба ин чӣ мегӯед?
— Шумо нағзтар медонед, — кӯтоҳ ҷавоб дод Луиза. — Охир шумо ба ин ҷой чунон зуд-зуд омада меистед, ки...
— Зуд-зуд! Аз бозе, ки ман аз сари нав ба зин менишастагӣ шудаам, фақат маротибаи дуюм аз ин ҷо мегузарам... Вале, бубахшед, мисс Пойндекстер... аз куҷо медонед, ки ман аз ин ҷо гузашта будам?
— Оҳ, — сурху сафед шуда ҷавоб дод Луиза, — ман инро надида наметавонистам! Ман одате дорам, ки қисми зиёди рӯзро дар асотея мегузаронам. Он ҷо хеле дилкушо — манзараи зебо, хусусан пагоҳирӯзиҳо, вақте ки насими серун мевазад ва аз ҳар гӯшаи боғ садои хониши паррандагон ба гӯш мерасад. Аз болои боми мо ин роҳ хеле дур намоён аст. Ва ҳангоме, ки

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо