Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Ӯ акнун аз паноҳгоҳи худ баромаданӣ буд, вале тарсу ҳарос бар ӯ ғолиб омад ва пас аз як дақиқа савора монда рафт.
Ба куҷо?
Албатта, барои боздид бо доня Исидора Коварубио де Лос-Льянос.
Оё ба ин шубҳа кардан мумкин аст?
Ҳар хеле ки набошад, Луиза ба зудӣ инро фаҳмида мегирад. Аз байн бист дақиқа нагузашта, дар ҳамон роҳ аспи дигари гули бодом намудор гашт, ки бар он духтаре савор буд.
Дили бадрашки креолдухтар зиёда аз ин ба азоби шаку шубҳа тоб оварда наметавонист. Азобу кулфате, ки вай аз бадгумониҳои худ мекашид, ҳеҷ гуна ҳақиқат боиси дарду алами зиёди ӯ намегардид. Ва Луиза қарор дод, ки ҳақиқатро — шояд, барои орзуву умедҳои хомӯш шуда истодаи вай ҳақиқати фалокатоварро дониста гирад.
Духтар ба сӯи буттазоре, ки бист дақиқа аз ин пеш мустангер ба он ҷо даромада ғоиб гашта буд, раҳсипор гардид. Ӯ аз сояҳои ларзони дарахтони акоқиё, аз рӯи алафи мулоими чети роҳ савора мерафт, то ки тасодуфан суми асп ба санг барнахӯрад. Шохаҳои пармонанди дарахтони акоқиё чунон паст фуромада овезон шуда буданд, ки ба парҳои кулоҳи ӯ мечаспиданд. Гӯё аз тарси он ки ӯро дида мемонанд, савора дар рӯи зин ҳам шуда менишаст ва дар айни замон бодиққат ба пеш менигарист.
Ӯ ба нӯки тал баромад, ки аз он ҷо тамоми гирду атроф намудор буд. Дар пеши вай хонае истода буд, ки атрофи онро дарахтони баланд иҳота карда буданд. Ин асиендаи бошукӯҳ буд. Луиза медонист, ки дар ин ҷо дон Силвио Мартинес, амаки Исидора зиндагӣ мекунад.
Дар ҳамворӣ низ хонаҳои дигар намоён буданд, аммо чашмони пуриэтироби креолдухтар фақат ба ҳамон хона, фақат ба роҳи он дӯхта шуда буданд.
Ӯ чанд гоҳе муоина карда истод, вале на дар асиенда, на дар гирду атрофи он ягон кас пайдо нашуд. Дар чарогоҳ якчанд асп чарида мегашт, вале ҳамаи онҳо безин буданд.
«Эҳтимол сеньорита ба пешвози ӯ баромада бошад... Е Морис ба хонаи онҳо даромадааст?
Ҳозир онҳо дар куҷо бошанд? Дар хона ё дар беша? Агар дар беша бошанд, дар он сурат оё дон Силвио аз ин огоҳ бошад ё не? Агар Морис меҳмони онҳо бошад, дар он сурат амаки Исидора ба ин чӣ тавр рафтор мекарда бошад ва умуман ӯ дар хона бошад ё не?»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо