Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Вале ин фақат тобиши хурсандие буд, ки ҳамчун равшании офтоб дар вақти кусуфаш хомӯш гардид ва ин хурсандӣ аз нав ба ғаму андӯҳи ҷигарсуз табдил ёфт.

Морис Чералд аспашро маҳмез зад ва дар байни буттазорҳои чапарал, ки роҳ гум шуда мерафт, аз назар ғоиб гардид.

Ӯ куҷо мерафт? Албатта барои хабаргирии доня Исидора Коварубно де Лос-Льянос.

Ва оё бо ҳамин тасалло ёфтан мумкин буд, ки аз байни як соат нагузашта, ӯ аз роҳи рафтааш гашта меомад? Охир онҳо метавонистанд дар бешаи наздиктарин — қариб дар пеши назари рақибаи бадрашкаш, ки камтар барг пеши онҳоро гирифта метавонист, бо ҳам вохӯранд.

Ҳатто ҳамин ҳам ба вай тасалло набахшид, ки мустангер аз наздик гузашта истода, боз ба асиенда назар андохт, боз дар паси чакалакзор истод ва дуру дароз ба тарафи Каса-дель-Корво нигоҳ кард.

Ин нигоҳ истеҳзоомез ва, шояд, тантананок буд. Албатта, Морис тантана карда метавонад. Вале ин гуна бераҳмӣ барои чӣ? Дар сурате, ки ҳанӯз дар лабонаш гармии бӯсаҳои Исидора хунук нашудаанд, чаро дар ин ҷо истод?

Боби XXVII

«МАН ТУРО ДӮСТ МЕДОРАМ!»

Луиза Пойндекстер боз дар асотея, боз бо ғаму андӯҳи худ танҳо мебошад. Зинапояи васеи сангӣ ӯро ба ҷое овард, ки санҷишҳои нав ба нав интизораш буданд. Аллакай чандин маротиба қасам хӯрда буд, ки лоақал дар ин наздикиҳо ба он ҷо намебарояд. Вале иродаи ӯ ба чизи басе зӯртар таслим мегардид ва фардои ҳамон рӯз, то шабнами рӯи алафҳои даштро хушконидани офтоб қасам шикаста мешуд.

Дирӯза барин ӯ дар асотея истода, ба роҳи он соҳили дарё бо диққат менигарист. Дирӯза барин савораеро дид, ки дасташ тахтаҷабанд буд. Дирӯза барин ӯ ҳам шуда, дар паси девор руст шуд.

Савора ба ҳамон тарафе равона буд, ки дирӯз рафта буд; ӯ дирӯза барин ба асиенда назар андохт ва дар паси чакалак истод, дурудароз ба сӯи Каса-дель-Корво нигоҳ кард.

Дили креолдухтари ҷавон аз умед ва ҳарос ба тапиш даромад.

пешина
аз 509
навбатӣ