Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Ҳамин гуна хусусиятҳои хулқу атвор ба ӯ маъқул буданд. Ӯ худаш мустақилиятро дӯст медошт. Ба назари Луиза чунин менамуд, ки ин ба дигарон низ бояд маъқул бошад. Ба гумон аст, ки Морис Жералд истисно бошад.

Аз байни боз якчанд рӯз гузашт, вале духтари лассодор дигар пайдо нашуд.

«Ҷароҳатҳои ӯ рӯ гирифтанд, акнун вай мӯҳтоҷи ғамхории доимӣ намебошад», — дар асотея истода ҳамин тавр фикр мекард креолдухтар. Ӯ лорнетро дар пеши чашм дошта, ба дур назар меандохт.

Ин пагоҳӣ, пас аз тулӯи офтоб, ҳамон соате буд, ки одатан духтар савора мегузашт.

Духтар ба ҳамон тарафе, ки пештар рақиби ӯ намоён мегашт, истода менигарист.

Луиза тасодуфан ба самти муқобил назар андохт ва ба чашмони худ бовар накарда дар ҷояш карахт шуд. Ӯ Морис Жералдро дид, ки савори асп аз тарафи қалъа меомад.

Агарчи вай дар рӯи зин як қадар нороҳат нишаста, оҳиста роҳ паймояд ҳам, ин бешубҳа, ӯ буд. Луиза ба воситаи лорнет ӯро баръало дид ва дарҳол ба чашмаш афтод, ки дасти чапаш тахтачабанд аст.

Креолдухтари ҷавон ӯро дида, дар паси девор руст шуд ва фарёди пасте аз сандуқи дил бадар кард.

Чӣ боиси ин нидои хушонгез гашта буд? Ин ки духтар дасти маҷрӯҳ, ё ба воситаи лорнет чеҳраи заҳиру рангпаридаро дида буд?

Не. Ин фарёди дилсӯзона ё тааҷҷуб не — ин фиғони дили озурда буд.

Бемор наздики сиҳатшавӣ буд. Ӯ дигар ба ғамхориҳои хоҳари шафқат мӯҳтоҷ набуд. Акнун вай худаш ба назди вай мерафт.

Луиза дар паси девори асотея, дар зери дарахти юккаи шукуфта руст шуда, ба савора менигарист; ӯ лорнетро ба чашм наздик бурда, ҳар як ҳаракати савор, ҳатто ифодаи чеҳраашро дида метавонист.

Чун дид, ки савора якчанд маротиба ба сӯи Каса-дель-Корпо назар андохт, кадре худро сабук ҳис кард ва ҳангоме, ки Морис дар сояи дарахтони чакалаки қади роҳ истода, дуру дароз ва бодиққат ба тарафи асйенда нигоҳ кард, кайфаш боз ҳам чӯртар гардид.

Умеде дар дили Луиза пайдо гардид, ки Морис ҳангоми ба асйенда нигаристан дар бораи ӯ фикр мекард.

пешина
аз 509
навбатӣ