Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
фитрӣ мададгораш мешавад. Аммо рӯзҳо ҳам мегузаштанду таскине фаро намерасид. Вай симои шахсеро, ки ба куллӣ орзуву хаёлоташро ба худ ҷалб карда буд, аз хотир берун карда наметавонист.
Баъзан Луиза ба ӯ нафрат мекард, ё худ, дурусттараш нафрат кардани мешуд. Дар он сурат ба назараш чунин менамуд, ки ӯро кушта метавонад ё ки, агар дар пеши чашмаш ӯро қатл кунанд ҳам, ба ёрии ӯ намешитобад. Вале ин ҳама ҳолати рӯҳии яклаҳзагӣ буданд, ки бо фикру андешаҳошон басе осуда иваз мешуданд ва он гоҳ ӯ чунин мешумурд, ки ба ҳамаш худаш гунаҳгор аст ва бояд тоб биёрад.
Ҳар қадар ки вай бештар фикр мекард, боз бештар дарк менамуд, ки ҳатто агар вай душмани ҷонӣ наш, душмани тамоми башарият — худи Люцифер бошад ҳам, ки як вақтҳо Луиза мустангерро ба ӯ ташбеҳ медод, — аз ду сари меҳри ӯро аз дил бароварда наметавонад.
Луиза қудрате надошт, ки Морисро ҳакир шуморад ва чашми дидан надошта бошад. Ӯ фақат кӯшиш мекард, ки нисбат ба мустангер бепарво бошад. Вале ин саъю кӯшиши беҳуда буд.
Ҳар рӯз Луиза чандин маротиба ба асотея баромада ба роҳе, ки дар он бори аввал рақиби худро дида буд, менигарист.
Илова бар ин: қатъи назар аз қарори худ, ки дурӣ ҷуста бо шахси ӯро бадбахт кардагӣ дучор омадан намехост, ба асп савор шуда, фақат бо мақсаде, ки мустангерро бубинад, дар роҳ ва кӯчаҳои посёлка мегашт.
Пас аз се рӯзи кашфиёти ногувор ӯ аз нав аз болои асотея сеньоритаи мексикоиро дид, ки ба сӯи қалъа равон буд ва ҳамон хизматгор ӯро мушоият карда, дар даст сабадча дошт. Луиза ба онҳо нигариста, аз рашк меларзид ва ба духтаре, ки аз ӯ пешдастӣ карда, дар ҳаққи бемор ғамхорӣ менамуд, рашк мебурд.
Агарчи чандон зиёд набудаш ҳам, акнун Луиза назар ба пештара дар бораи вай бештар маълумот дошт. Вай доня Исидора Коварубио де Лос-Лянос, духтари соҳиби асиендаи калон дар Рио-Гранде ва ҷияни асиендадо буд, ки мулкаш як миль дуртар аз Каса-дель-Корво ба ҷараёни Леона поин воқеъ гардида буд.
Мексикопухтари ҷавон ҳамчун шахси аҷиб, шахси лассоро нағз мепартофтагӣ, вале ба ҷуз нозунузи хул, ҳар як мустанги ёбоиро ром карда метавонистагӣ ном бароварда буд.
Ин маълумотҳо гумонҳои рашкомези креолдухтаро барҳам надода, балки онҳоро мустаҳкам намуданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо