Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ӯҳдаи ин кор баромада метавонам? Минбаъд набояд ман бо ӯ вохӯрам. Дар ҳар ҳол, ин аз дастам меояд. Пас аз он чӣ ки рӯй дод, ӯ дигар қадамашро ба хонаи мо намемонад. Вохӯрданҳои мо фақат тасодуфӣ шуданашон мумкин, ман бошам, ҳар навъ карда, худамро чет кашида мегардам. Оҳ Морис Чералд, ромкунандаи аспони ёбӣ, ту дилеро мафтуни худ кардӣ, ки дар ҳиҷри ишқи ту боз дуру дароз ранҷу азоб мекашад ва, шояд, ин дарсро ҳеч гоҳ фаромӯш накунад!».

БОБИ XXVI

АЗ НАВ ДАР АСОТЕЯ

Шаҳсеро, ки ба ҷон баробар дӯсташ медорӣ, фаромӯш кардан ғайри имкон мебошад. Барои диле, ки дар ишқу муҳаббат ҷавобе нагуфтааст, албатта, вақт шифобахшандаи нағз аст, ҳаҷр бошад, ба ин бештар кӯмак мерасонад. Вале на вақт, на ҳаҷр наметавонанд ба ғаму андӯҳи маҳбуби талафшуда таскин бахшанд ё дилеро, ки чӣ будани меҳру муҳаббати саодатбахшро намедонад, тасаллӣ диҳанд.

Ба эҳсосе, ки Луиза Пойндекстерро фаро гирифта буд, мусориза бурдан осон набуд; ин эҳсос ба наздикӣ фурӯзон гардида бошад ҳам, аммо шӯълаи он зуд забона зада, ҳамаи монеаҳоро бартараф намуд. Ин эҳсос ба андозае пуркувват гардид, ки акнун норозигии падар ё нобаробарии мавқеи ҷамъиятӣ барин монеаҳо дигар духтарро дар ҳиҷолат намемононд. Ва агар маҳбубаш ба муҳаббати вай бо муҳаббат ҷавоб медод, на ину на вай садди роҳаш гашта наметавонист. Акнун ӯ ба балоғат расида буд ва розигии падар барои вай хатмӣ набуд; аз ваҷҳи монеаи дуюм бошад шахсе, ки аз сидқи дил дӯст медорад, аз таваҳҳумоти урфу одатҳои ҷамъиятӣ наметарсад. Чунин хӯрдагириҳо ба ишқу муҳаббат хос нестанд. Ба ҳар ҳол, дар эҳсоси амиқи Луиза Пойндекстер ин гуна хӯрдагириҳо набуд. Дар ҳаёти Луиза ин нахустин яъсу ноумедӣ набуд. Вале ин нахустин яъсу ноумедӣ буд, ки осудагии рӯҳии ӯро барҳам заданаш мумкин буд. Ва ӯ инро мефаҳмид. Ӯ пешакӣ медонист, ки азобу кулфат ӯро дар пеш аст, вале умедвор буд, ки вақт ба ин ҷароҳат шифо мебахшад.

Аввал ба назараш чунин менамуд, ки ба воситаи қуввати ирода дарди ғаму андӯҳи дилашро таскин медиҳад ва зиндадилини

пешина
аз 509
навбатӣ