Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Оё он ҳамон тавр буд, ки Морис Ҷералд барин шахсеро, ки ба шӯру ҳарорати худ нағз фармонравой мекунад, мафтун карда тавониста бошад?

Луиза оромӣ надошт. Ӯ бетоқатӣ мекард, ки аз нав мексикоидухтарро бубинад ва чеҳраи ӯро дурустакак аз назар гузаронад. Баробари Зеб Стумп рафтан, ӯ супориш дод, ки мустангии гули бодомро зин кунанд, пас аз дарё гузашт ва ба соҳили муқобил баромад.

Луиза роҳи қалъаро пеш гирифта, чи тавре ки тахмин карда буд, сеньораи мексикоиро вохӯрд, ки гашта меомад, — не, сеньора не, агар аниқтар гӯем, сеньорита — духтари ҳамсинну соли худашро.

Дар он ҷое, ки онҳо бо ҳам дучор омаданд, дарахтон ба қади роҳ соя афканда буданд ва мексикоидухтар гарданбандашро бепарвоёна ба китф партофта сари луч меомад. Мӯи сиёҳи анбӯҳаш, ки сиёҳиаш пари зоғро мемонид, давродаври рӯи гандумгуни зебояшро гирифта буд.

Ҳарду духтар ба риояи расму одоби муошират ба ҳамдигар фақат сатҳӣ назар партофтанд. Аммо, каме дуртар рафта, ҳам ин, ҳам вай худдорӣ карда натавонист, ки ба рақиби худ дуздида нигарад ва ҳарду ба ақиб рӯ гардонданд.

Зоҳиран, фикри ҳардуи онҳо чандон тафовут надошт. На фақат Луиза овозаи сеньоритаи мексикоиро шунида буд, балки вай ҳам вуҷуд доштани Луизаро медонист.

Мо батафсил баён намекунем, ки сеньорита пас аз ин вохӯрӣ чӣ фикр мекард. Фақат ҳаминро гуфтан кифоя аст, ки фикру хаёли креолдухтар назар то сайру гашт боз ҳам тиратар гардид ва ҳангоми ба Каса-дель-Корпо баргаштан қиёфааш маъюсии аламангезро ошкор мекард. «Чӣ хел хушрӯй! — аз паҳлӯи духтаре, ки ӯро рақиби худ мешумурд, гузашта истода фикр кард вай. — Оре, танҳо барои дӯсти ӯ будан, аз ҳад зиёд зебо».

Луиза фикрҳан худ ба худ гап зада, кӯшиш мекард бегараз бошад, вагарна дар аснои таърифу тавсифи сеньоритаи мексикой бештар худдорӣ мекард.

Оё ба чӣ гуна муносибат доштани онҳо шубҳа кардан мумкин аст! — давом намуд ӯ. — Мустангер ӯро дӯст медорад! Мустангер ӯро дӯст медорад! Аз муносибати форнгболонае, ки нисбат ба ман дорад, ниро пай бурдан мумкин. Мани беақл мехостам дар ҳамин эҳсоси маъшум бахту саодат ёбам! Ӯро фаромӯш карда, ин орзуву хаёлотро аз дили худ бояд бароварда партофт! Фаромӯш бояд кард! Ба гуфтан осон, вале ман оё аз

пешина
аз 509
навбатӣ