Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҷералд ҳаматарафа ғамхорӣ мекунанд ва гумон аст, ки тӯҳфан ман ба вай лозим бошад. Ман хурсандам, ки ӯро фаромӯш накардаанд — охир вай дар ҳаққи ман некиҳои бисёр кардааст. Вале, лутфан, мистер Стумп, дар ин бора ба ҳеҷ кас гап назанед! Ипро ҳам нагӯед, ки ман аз ҳолу аҳволи вай пурсон шудам. Охир ӯ дар дуэль бо аммабачаи ман ҷангидааст ва ин боиси ҳар хел гапҳо шуданаш мумкин. Шумо ваъда медиҳед, Зеби азиз!

— Ҳатто тайёрам ки қасам хӯрам! Ба ҳеҷ кас як даҳан гап намезанам, мисс Луиза. Аз пирамард Зеб дилатон пур бошад.

— Ман инро медонам. Биёед аз ин ҷо равем. Офтоб сахт метасофонад. Ба поён фуромада бинем, кани вискии мононгахили дӯстдоштаи шумо ёфт мешавад ё не. Рафтем!

Креолдухтари ҷавон худро хурсанд вонамуд карда, ҳиромон-ҳиромон аз миёнҷон асотея гузашт ва «Вальси нави Орлеан»-ро замзамакунон аз зинапоя поин фуромадан гирифт. Шикорчии пир бо майли тамоми ин таклифро қабул карда ва аз паси Луиза равон шуд; агарчи кайҳо инҷониб фатонии занон дилашро намерабуд ва ба ин бо фориғболин саботкорона муносибат менамуд ва фикру зикраш дар айни замон асосан ба нӯшокии писандидаи ваъдагӣ банд буд, ба ҳар ҳол мафтуни китфони зебои духтар гардид, ки гӯё онҳо аз устухони фил тарошида шуда буданд.

Вале ин тамошо бисёр тӯл накашид: ҳамин, ки онҳо поин фуромаданд, Луиза бо ӯ хайрухуш кард. Пас аз он ки Зеб беихтиёр сирри мустангерро фош намуд, акнун дигар сӯҳбати шикорчии пир ба дилаш намегунчид. Луиза ӯро танҳо гузошт, ки кайфи вискиро бинад ва худ ба ҳуҷрааш шитофт, ки ғуму ғуссаашро аз ҳама пинҳон дорад.

Луиза Пойндекстер дар ҳаёташ бори аввал азоби рашкро аз сар мегузаронад. Ин ишқи аввали ҳақиқии ӯ буд — зеро вай ба Морис Ҷералд дил баста буд.

«Гумон аст, ки ғамхорини Сеньоритаи мексикоиро дӯстии муҳаррарӣ пиндошт. Мисли ин ки риштаҳои дӯстии онҳоро сахт ба ҳам мепайванднд»,— креолдухтар зику маҳзун ҳамин тавр фикр мекард.

Назар ба он чӣ ки Морис ба вай гуфт ва он чӣ ки ӯ ба чашми худ дид, сеньораи лассодор — маҳз ҳамон занест, ки мебоист меҳру муҳаббати ҳамин гуна одамро ба даст медаровард.

Андоми вай, ки лорнет онро аз наздик нишон дода буд, ба назари Луиза бенуқсон намуд. Чеҳраи духтарро дурустакак муоина карда натавонист. Оё он ҳама ҳамон тавр зебо буд?

пешина
аз 509
навбатӣ