Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Мистер Стумпи меҳрубон, шумо инро ба мистер Чералд медиҳед? Флоринда ба ин ҷо баъзе майда-чуйдаҳо гузоштааст: камтар нӯшокиҳои салқинкунанда, камтар мураббо ва боз баъзе чизҳои дигар. Дар вақти касалӣ дили одам таоми лазиз мехоҳад ва гумон аст, ки дар меҳмонхона ягон чизи бомазза ёфт шавад. Лекин аз кӣ буданашро ба ӯ нагӯед ва ба ҳеҷ кас даҳан накушоед! Хуб? Ман медонам, ки шумо намегӯед, қавихайкали меҳрубони ман!

— Мисс Луиза, дилатон аз пирамард Зеб Стумп пур бошад. Аз кӣ будани ин хӯрокҳои хушмаззаро ҳеҷ кас намефаҳмад, вале, бовар кунед, ки ҳама чизаш ҳаст. Барояш чунон чизи бисёре меоранд, ки вай шиками як тӯда зуккахӯронро сер карда метавонад.

— Аҳ! Аллакай барояш меоранд! Кӣ меорад?

— Инашро Зеб Стумп гуфта наметавонад, чунки худаш намедонад. Фақат шунидам, ки сабадҳои хӯроквориро мексиконе, хизматгори кадом як кас меовардааст, аммо аз кӣ оварданашро намедонам. Худам ба чашмам дидам. Якчанд дақиқа пеш ӯро дуртар аз асиендаи шумо вохӯрдам; шояд, вай духтареро, ки мисли мард савори асп буд, мушояат мекард — аксарияти занони мексикӣ ба асп ҳамин хел савор мешаванд. Ба гумонам, мард хизматгори ӯ буд, чунки аз қафо мерафт; дар дасти мард айнан ҳамон хел сабадчае буд, ки ба наздикӣ мистер Чералд гирифта буд. Аз ин мебарояд, ки ӯ барои бемор боз ҳар гуна хӯрданиву нӯшиданӣ мебурд.

Дигар хоҷати пурсуқов набуд. Ин суханон бисёр чизҳоро мефаҳмонданд, ҳамааш ба таври аёнӣ равшан гардид: Луиза Пойндектер рақиба дошт. Духтари мексиконии лассодор, шояд, маъшуқа, ӯ худ арӯси мустангер буд.

Ва бедарак, — агарчи Зеб Стумп ҳамин тавр фикр карданаш мумкин буд, — сабадеро, ки креолдухтар аз даст намегузошт, ба рӯи девор ниҳод ва он ғеҷида аз баландӣ ба рӯи тахтасангҳои сахти ҳавлӣ афтид. Шишаҳо шикаста майда-майда шуданд ва нӯшокиҳои онҳо мавҷзанон қад-қади девор ҷорӣ гаштанд.

Агарчи ҳаракати даст, ки сабадро зада чаппа карда буд, ба назар тасодуфан, ғайриирода намояд ҳам, он дидаю дониста карда шуда буд. Луиза аз болои девор хам шуда, ба поён нигарист ва ҳис кард, ки дили вай ҳам мисли шишапораҳое, ки дар рӯи сангҳо медурахшанд, шикаста пора-пора шудааст.

— Ҳайф-а! — гуфт духтар ва кӯшиш менамуд, ки ҳаяҷони худро ошкор насозад. — Ҳамааш нобуд шуд! Флоринда чӣ мегӯяд? Хайр, ҳеҷ гап не, назар ба гуфтаи шумо, дар ҳаққи мистер

пешина
аз 509
навбатӣ