Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Вақте ки духтар ӯро ба кунҷи дури асотея мебурд, шикорчии пир дарҳол пай бурд, ки духтар хеле ошуфта аст ва фаҳмид, ки нафақат барои тамошои манзараи зебо ба ин ҷо даъват карда шудааст.
— Мистер Стумп, гӯед, ки... — аз остини нимтанаи ӯ дошта ва ба чашмони хокистарранги шикорчӣ назар андохта гуфт Луиза, — шумо, эҳтимол, аз ҳамаш бохабар бошед? Аҳволи ӯ чӣ хел? Чароҳаташ хатарнок аст?
— Агар шумо дар бораи мистер Колҳаун пурсед...
— Не-не, ман аз аҳволи ӯ бохабарам! Ман ӯро намегӯям.
— Вале, мисс Луиза, аз ҷойҳои мо фақат боз як касро медонам, ки ӯ низ ярадор шуда буд, — вай Морис-мустангер аст. Шояд, дар бораи ӯ пурсед?
— Ҳа-ҳа, дар бораи вай. Шумо мефаҳмед, ки агарчи вай бо аммабачаи ман ҷанҷол карда бошад ҳам, ман нисбат ба вай бепарво буда наметавонам. Шумо охир медонед, ки Морис Ҷералд маро наҷот дод, гуфтан мумкин, ду маротиба аз чанголи марг раҳонд. Гӯед, ки чароҳаташ хеле хатарнок аст?
Ин суханон бо чунин ошуфтагӣ гуфта шуданд, ки шӯхӣ бемаврид буд. Зеб саросемавор ҷавоб дод.
— Не охир, ҳеҷ хатараш нест. Аз бучулаки пой боло як тир хӯрдааст; хатарнокии ин чароҳати ӯ ва изи ханҷол бадбаробар. Тири дуюм ба лаҳмидии дасти чапаш расидааст. Инаш ҳам ҳеҷ хавф надорад. Фақат хунаш бисёр рафтааст. Ҳозир тамоман қувват гирифтааст ва пас аз якчанд рӯз сари пой мехезад. Ҷавон мегӯяд, ки агар плоҷаш мешуду савора даштро сайр карда мебаромад, аз табобати тамоми духтарони Техас дида, ин тезтар ба ӯ шифо мебахшид. Фикри ман ҳам ҳамин хел. Вале ӯро ҷарроҳии қалъа табобат мекунад ва ӯ ҳоло ба вай иҷозати хестан намедиҳад.
— Ӯ ҳозир дар куҷост?
— Дар меҳмонхона. Дар ҳамон ҷое, ки паррон-парронӣ карданд.
— Эҳтимол, дар он ҷо ба ӯ дуруст нигоҳубин накунанд? Ба шуниди ман ин як меҳмонхонаи тамоман расво. Эҳтимол, ба ӯ хӯроке диҳанд, ки онро касал ҳам нахӯрад... Мистер Стумп, сабр кунед, ман ҳозир гашта меоям. Ман мехоҳам барои вай баъзе чизҳо фиристам. Ман медонам, ки ба хотири ман ин корро мекунед. Ҳамту? Ман ба ин боварӣ дорам.
Луиза маҳтали ҷавоб нашуда, ба сӯи зинапоя равон шуд ва зуд поин фуромад. Дере нагузашта сабади калоне пур аз хӯрокҳои хушмазза ва нӯшокиҳо дар даст гашта омад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо