Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
ган сар кунам. Пас аз он чӣ ки рӯй дод, ман бояд ҳатто дар гапу рафторам бо вай эҳтиёт шавам. Оҳ, агар боварӣ медоштам, ки ба вай маъқул ҳастам, ман хотирҷамъ мешудам! Бепарвоии вай чӣ тавр даҳшаттовар аст! Ва ин бепарвоӣ нисбат ба ман, нисбат ба Луиза Пойндекстер! Не, дигар ин хел давом карданаш мумкин нест: агарчи бо қимати қалби пора-пора бошад ҳам, ман бояд аз ин асират раҳоӣ ёбам!
Дар ҳамин вақт шикорчӣ ба осиёб наздик шуда, аспрашро нигоҳ дошт.
— Мистер Стумпи азиз! — овозе, ки ҳамеша аз шунидани он хуши шикорчии пир меомад, меҳмоннавозона ӯро истиқбол намуд. — Аз дидоратон хеле шодам! Аз асп фуроед ва ба назди ман ба ин ҷо биёед. Медонам, ки чӣ хел фарозу нишеб набошад, дар пеши шумо як пул ва шумо аз ин зинапояи сангӣ наметарсед. Аз ин ҷо чунон манзараи зебое намоён аст, ки шумо аз баромаданатон пушаймон намешавед!
— Ҷамоли шуморо дидан, мисс Луиза, барои ман беҳтарин инъом аст; ба хотири ин роҳнамоӣ на фақат ба боми ин хона, балки ба дудкаши пароход бароям... Як дақиқа сабр кунед, ман фақат модиёни пирамро ба оғил медарораму дарҳол гашта меоям, — ин дар як мижа задан иҷро карда мешавад.
Зеб Стумп аз модиёни пир часта фуромада, бо ҷумлаи суханон ба ӯ муроҷиат намуд:
— Ғам нахӯр, кампирча! Саратро баланд гир, шояд, Плутон бо ҷуворимакка ӯро зиёфат кунад.
— Эҳе! Масса Стумп! — овози аробакаши сиёҳпӯст, ки нав дар рӯи ҳавлӣ пайдо шуда буд, баланд гардид. — Зангӣ гуфтани шуморо иҷро мекунад — то сер шуданаш ба ӯ ҷуворимаккаи зард медиҳад. Эҳе! Шумо ба назди миссаи ҷавон равед. Плутон ба модиён нигоҳубин мекунад.
— Чин занад, зангӣ бошӣ ҳам ҷони кас ҳастӣ! Дафъатан оянда агар гузарам ба ин тарафҳо афтида монад, ба ту опоссумеро тӯҳфа менамоям, ки гӯшташ гӯшти мурғи дусола барин лазиз аст! Ваъдаи ман ба ту ҳамин!
Зеб ин суханонро гуфта, аз ҳар ду-се погундаи зинапояи сангӣ чаҳида боло баромадан гирифт. Ӯ зуд ба асотея баромад, ки дар он ҷо бонуи ҷавони хона боз як бори дигар меҳмонро хурсандона хайрамақдам гуфт.
1 Опоссум — ҳайвони халтадор, ки дар Америка мешавад ва думи гиро дорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо