Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ки ҳалқаи лассо ба ҳаво баланд шуд. Тааҷҷуб сабаби ин андӯҳ нагардида буд, не, — ҳисси дигар, фикри басе нофорам боиси он шуда буд.
То дами аз назар ғоиб шудан ва дар байни дарахтони ақоқӣ нопадид гардидани саворон, агарчи дасти лорнетдор рӯи Луизаро паноҳ кунад ҳам, ба ҳар ҳол дидан мумкин буд, ки он ҳамоно маҳзун аст.
«Наход, наход ин ҳамон духтар бошад? Ҳамсинию соли ман, гуфта буд мустангер, қадаш аз қади ман пасттар. Ба андозае, ки ман дар чунин масофа қиёс карда метавонам, ҳамааш комилан мувофиқ аст. Дар Рио-Гранде зиндагӣ мекунад ва гоҳ-гоҳ ба Леона ба хонаи хешонаш ба меҳмонӣ меояд. Ӯ кӣ бошад? Чаро ман аз мустангер номи ӯро напурсидам? Наход, наход ин ҳамон духтар бошад?»

Боби XXV

ТУҲФАЕ, КИ ДОДА НАШУД

Пас аз якчанд дақиқаи он ки сеньораи лассодор ва хизматгори ӯ аз назар ғоиб гардиданд, Луиза ҳамоно ғарқи фикру хаёл меистод. Қиёфа ва намуди маҳзуни чеҳрааш аз он шаҳодат медоданд, ки дар фикру хаёли духтар хушҳолие рӯй надод.
Баръакс. То ин дам симои духтари чобуксавор аллакай як-ду маротиба дар тасаввури ӯ пайдо шуд ва борҳо андешаманд гардид, ки чаро мексикондухтари ҷавон ба ин тарафҳо меояд. Пас аз командгир кардани бузи ваҳшӣ фарзу тахминҳои вай ба бадгумонӣ гузашт.
Ҳангоме, ки аз байни буттазорон — айнан дар ҳамон ҷое, ки ҳар ду савора ғоиб гардида буданд, боз як савори дигар азмоён шуд, Луиза оҳи сабук кашид; вақте дид, ки ӯ ба пайраҳаи асиенда тоб хӯрд, боз ҳам хурсандтар гардид. Креолдухтар лорнетро ба чашм гузошта, Зеб Стумп будани ӯро шинохт. Чеҳраи вай кушода шуда, қариб шодмон гардид. Дар дақиқаҳои ғамангези дудилагӣ пайдо шудани ин сокини нексиришти бешазоронро фоли нек ҳисоб кард.
— Айнан худи ҳамон касе, ки ман мунтазираш будам! — шодона хитоб намуд духтар. Шояд, ба воситаи ӯ рукьяе бифиристам; ва, шояд, ӯ кӣ будани он сеньораро гӯяд? Эҳтимол, ӯ дар роҳ бо вай вохӯрда бошад. Ин ба ман имконият медиҳад, ки ҳеҷ гуна гумону шубҳа ба амал наоварда, дар ин мавзӯъ

пешина
аз 509
навбатӣ