Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

кард креолдухтар ва лорнетро аз чашм гирифта, зани савораро бо чашми оддӣ муоина кард.— Бешубҳа, ӯ мексикой буда, марди хачирсавор — хизматгораш мебошад. Эҳтимол, ягон сеньораи олитабора бошад. Ман фикр мекардам, ки онҳо ҳамаашон кӯчида ба Мексика рафтаанд... Дар дасти мушояткунандаи зан сабадчае ҳаст. Аҷиб, дар он чӣ бошад? Ва чаро онҳо ба қалъа ё ба посёлка мераванд? Ҳамин ҳафта маротибаи сеюм аст, ки аз пеши мо гузашта рафтани ин занро мебинам. Эҳтимол, ӯ дар ягон плантацияи қад-қади дарё зиндагӣ кунад. Ин чӣ гуна тарзи аҷиби аспсаворӣ бошад? Ман шунида будам, ки ин дар байни занони мексикой расм мебошад. Чӣ мешуд, агар ман ҳамин хел асп савор мешудам? Бешубҳа, ин қулайтар. Вале дар Штатҳо ин тарзи аспсавориро мардона мешумурданд. Тасаввур мекунам, ки модарҷонҳо ба покизагии ахлоқ риояткунандагони мо чӣ тавр ба ғазаб меомаданд! Ха-ха-ха! Воҳими онҳоро ба худ тасаввур намудан мумкин!...

Вале ханда дарҳол қатъ гардид. Намуди қиёфаи креолдухтар дарҳол тағйир ёфт, мисли ин ки абри равон гузашта курсии офтобро печонида гирифт. Аммо ин ғаму андӯҳе набуд, ки пеш аз ин чеҳраи духтарро тира гардонида буд, агарчӣ, назар ба нохост паридани ранги рухсораш дидан мумкин буд, ки эҳсоси басе ҷиддӣ ӯро фаро гирифтааст.

Сабаби ин тағйиротро фақат бо ҳаракатҳои зани аспсавори рӯяш бо гарданбанди ҳарир пӯшида дар он канори дарё алоқаманд кардан мумкин буд. Аз даруни ҷангали анбӯҳ бузи ваҳшии шохтезе тохта баромад. Буз ногаҳон аз паси асп баромада, ҳанӯз ба чажидан фурсат наёфта буд, ки зан ба дунболи ҳайвони рамида асп давонд. Зан вуалро аз рӯй барканда ва бо дасти рост дар ҳаво якчанд ҳаракати доирашакл кард.

— Ӯ чӣ кор карда истодааст?— дар аслҳоя пичиррос зад духтар.— Ҳа! Охир ин лассо-ку!

Сеньора ба нишон додан таъхир накард, ки ӯ бо чӣ гуна такомулот ин аслиҳаи миллиро истифода бурда метавонад; ӯ моҳирона лассоро ба гардани бузи ваҳшӣ партофт ва ҳалқаро кашид. Ҳайвон гаранг шуда афтид.

Хизматгор зуд расида омад ва часта аз хачир фуромаду ба болои буз ҳам шуда, дарҳол гардани ӯро бурид, баъд онро ба хачир бор карду худаш ба зин нишаста, аз паси зан равон шуд. Аммо сеньора аллакай лассоро печонида, гарданбанди ҳарирро ба рӯяш партофту гӯё ҳеҷ ҳодиса нашуда бошад, роҳашро давом дод.

Осори андӯҳ ҳамон вақт дар чеҳраи креолдухтар пайдо гардид,

пешина
аз 509
навбатӣ