Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
шумо аз наздик гузашта мерафтед, то дами дар сояи дарахтони акоқиё ғоиб шуданатон ман шуморо медидам.
— Пас, шумо маро медидед? — ба ҳиҷолат монда, гуфт Морис. Вале ҷумлаи охирин, ки ӯ нафаҳмида гуфта буд, боиси ҳиҷолати вай нагардид: вай ба хотир овард, ки чӣ тавр дар паси чакалакзор истода ба асиенда менигарист.
— Албатта. Охир роҳ шаст ярд дуртар аз хонаи мо мегузарад. Ман ҳатто ҳамон сеньоритаеро, ки савора аз ин ҷо гузашта буд, агарчи аспаш аспи шумо барин ба назар намоён набошад ҳам, синча карда шинохтам. Ман дидам, ки чӣ тавр вай лассоро моҳирона ба гардани бузи ёбоии хурдакак партофт ва дарҳол пай бурдам, ки вай ҳамон духтари ҷавон аст, ки шумо дар бораи истеъдоди ӯ боназокатона ба ман нақл карда будед.
— Исидора?
— Исидора!
— Э, ҳа! Охир вай якчанд рӯз дар ин ҷо меҳмон буд.
— Ва нисбат ба мистер Чералд хеле соҳибмарҳамат буд?
— Ҳа, гапатон дуруст, ӯ дар ҳақиқат хеле меҳрубон буд, агарчи ман имконе надоштам, ки ба вай миннатдорӣ изҳор намоям. Сарфи назар аз муносибати дӯстонааш ба ман, ӯ мо, хориҷиён — истилогаронро чашми дидан надорад ва ҳеҷ гоҳ розӣ намешавад, ки ба остонаи меҳмонхонаи мистер Обердофер қадам гузорад.
— Наход? Шояд, ӯ дар сояи дарахтони акоқиё бо шумо мулоқотро афзал донад?
— Ба ҳар ҳол якчанд моҳ инҷониб ман ӯро тамоман надидаам, ва, шояд, боз то хеле вақт, набинам: ӯ гашта ба хонаашон ба Рио-Гранде рафтааст.
— Ин рост аст, мистер Чералд? Шумо ӯро аз ҳамон вақт инҷониб надидаед... Ӯ аз хонаи амакаш рафтааст?
— Ҳа, рафтааст! — бо тааҷҷуб ҷавоб дод Морис. — Албатта, надидаам ва фаҳмидам, ки ӯ дар ин ҷо фақат то сари по хестани ман меҳмон будааст, барои ман ҳар хел таомҳои лазиз мефиристод, ки рости гап, хеле бамаврид буданд. Таомҳои меҳмонхонаи Обердофер чандон шоистаи таъриф нестанд ва муносибати вай ҳам нисбат ба ман он қадар хуб нест. Гуфтан лозим, ки донья Исидора ба ивази як хизмати хурдакаке, ки як вақтҳо ман ба вай карда будам, хеле саховатмандона подоши онро дод.
— Хизмат? Мистер Чералд, пурсидан мумкин ки чӣ хел хизмат?
— Албатта. Ин тасодуфан рӯй дод. Як дафъа иқбол кар-

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо