Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Аз байни ду рӯз гузашт, аммо рӯи сирру асрор пӯшида монд. Дер нагузашта боз туҳфае омада, беморро хурсанд гардонд. Боз ҳамон хел сабадчае омад, ки шиша, нуклу навои нав дошт.
Онҳо боз ба пурсупоси хизматгор шурӯъ карданд, аммо натиҷааш ҳамон буд: «Ҷентлмен овард, ҷентлмени ношинос, ҳамон ҷентлмени он дафъа омадагӣ». Хизматгор фақат илова намуд, ки ӯ «хеле шӯх» буд, бар сар кулоҳи ялаккосӣ дошт ва савори хачир ба меҳмонхона наздик шуд.
Гӯё, Морис аз ин тасвири зоҳирии хайрхоҳи номаълум хушҳол набуд, вале ба ҳеҷ кас, ҳатто ба Фелим бовар карда фикрашро нагуфт.
Пас аз ду рӯзи он, ки сабадчаи сеюмӣ ҳамон ҷентлмени кулоҳи ялаккосипӯш овардагӣ гирифта шуд, ба Морис лозим омад, ки умеду орзуи худро фаромӯш кунад. Анвои хӯрданиҳои даруни сабадчаро, ки аз пештараҳояш ҳеҷ фарқ намекард, сабаби чӣ нишон додан мумкин набуд. Бештар гап дар сари мактубе буд, ки бо лента ба дастаи он баста шуда буд.
— Ин Исидора будааст, — ба имзо нигариста ғур-ғур кард Морис.
Баъд бепарвоёна варақчаро кушода, мактуби ба забони испанӣ навишташударо ба хондан сар кард. Ана тарҷумаи аниқи он.
«Сеньори муҳтарам!
Ман як ҳафта боз дар хонаи амакам Силвино меҳмон будам. Шунидам, ки шумо ярадор шудаед ва инчунин дар меҳмонхона ба шумо дуруст нигоҳубин намекунанд. Лутфан, ин туҳфаи ночизро ҳамчун хотира аз он ёрии калоне, ки ба ман расонида будед, қабул кунед. Мактубро дар рӯи зин навиштам. Пас аз як дақиқа ман ба Рио-Гранде меравам.
Валинеъматам, наҷотдиҳандаи ҳаётам... зиёда аз ин — номусам! Хайр, то дидан, то дидан!
Исидора Коварубно де Лос-Льянос».
— Ташаккур, ташаккур, Исидораи меҳрубон! — пичиррос зад мустангер ва мактубро қат карда, бепарвоёна ба рӯи кӯрпа партофт. — Ҳамеша сипосгузор, бомарҳамат, соҳибкарам! Агар Луиза Пойиндекстер намебуд, шояд, ба ту меҳру муҳаббат мебастам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо