Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Колхаун, ки дар хонаи худ азият мекашид, эҳтимол, чунин ғамхориро дида рашк мебурд. Агарчи дар хона хобида, ҳашамату дабдаба ӯро фаро гирифта бошад ҳам, худро таскин дода наметавонист, ки дар дунё одаме ҳаст, ки ба ӯ дилбастагӣ дорад. Колхаун, ки худпарасти сангдиле буд, ба дӯстӣ бовар намекард — ва ӯ ӯро дӯст надошт; бистарӣ гардида, тарсу ҳарос азобаш медод, ки мумкин ҷароҳатҳояш марговар бошанд ва дар айни замон азоби рӯҳӣ мекашид, ки ҳама ба зинда мондан ё намонданаш асло парво надоранд.

Агар нисбат ба вай ягон қадар эътиноӣ медода бошанд, ин танҳо аз рӯи қарзи хешутаборӣ буд. Дигар хел шуда наметавонист. Рафтору кирдори вай нисбат ба духтару писари тагояш дар гумон буд, ки меҳру дилбастагии онҳоро пайдо кунад. Тагояш, Вудли Пойндектери пуркибру ғурур нисбат ба вай нафрати тарскатӣ ҳис мекард.

Ростӣ гап, ин эҳсос тамоман ба наздикӣ пайдо шуда буд. Чӣ тавре, ки аллакай медонем, Пойндекстер аз ҷиянаш қарздор буд. Қарз ба андозаи калон буд, ки Кассий Колхаун амалан молики асиендаи Каса-дель-Корво гардида буд ва ҳар дақиқа худро соҳиби он эълон карда метавонист.

Вақтҳои охир Колхаун буду шуди нуфузашро ба кор мебурд, ки дили Луизаро ба даст дарорад, — вай кайҳо инҷониб ошиқи шайдони ӯ буд. Дере нагузашта ӯ фаҳмид, ки розигии Луизаро гирифтан гумон аст, чунки Луиза дар ҷавоби ишқбозиҳои вай ҳатто бепарво будани худро пинҳон доштанӣ намешавад. Бинобар ҳамин ӯ қарор дод, ки розигии Луизаро ба воситаи падараш гирад, зеро равогии ҳукми худро бар вай нағз медонист.

Тааҷҷубовар набуд, ки дар вақти касалии вазнини будани капитани мустаъфӣ назар ба дигар вақту вазъият ба ӯ камтар ҳусни таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.

Ҳоло ки бемор худро дар дами марг ҳис мекард, ӯ гӯё нисбат ба атрофиёнаш нарммуомила буд. Вале ин дуру дароз давом накард. Чун Колхаун ҳис кард, ки шифо меёбад, дарҳол тамоми худсарии токатфарсояш дубора ба вай баргашт, ки онро алами шикастхӯрӣ пуркувват мегардонид.

Як умр ӯ бо рӯйнатаниаш худнамоӣ кардан ва дар ҳар як маҳракае, ки дар атрофи ӯ ҷамъ меомад, ҳукмронӣ намуданро

пешина
аз 509
навбатӣ