Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
— Намедред? Ин гапатон нодуруст, мастер Морис! Вале ман медонам. Ва агар ӯ дар ҳаққи шумо ғамхорӣ намекард, ин носипосии разилона мебурд. Магар шумо ҷони ӯро аз марг халос накарда будед?
— Дар бораи кӣ гап мезанӣ?
— Гӯё шумо худатон пай намебаред, оғо! Ман дар хусуси ҳамон соҳибҷамоле гап мезанам, ки ба кулбаи мо омада буд: савори мустанги гули бодоме, ки шумо ба вай тӯҳфа карда, ҳатто ба ивази он як пули пучак нагирифта будед. Агар ин тӯҳфа аз вай набошад, дар он сурат Фелим О'Нил дар тамоми Баллибаллох аблаҳи аблаҳон аст!.. Эҳ, мастер Морис, ман дар хусуси зодгоҳам гап зада, касоне, ки дар он ҷо зиндагӣ мекунанд, ба хотирам омаданд... Агар соҳибҷамоли чашмкабуд дар чигуна вазъияти пурхатар будани шуморо мефаҳмид, чӣ мегуфт?
— Пурхатар? Ҳамаш аллакай гузашт. Духтур гуфт, ки пас аз як ҳафта баромадан мумкин. Ғам нахӯр, дӯстам!
— Не, ман онро намегӯям. Ман дар бораи ин хатар гап назадам. Дар кадом хусус фикр кардани маро худатон медонед. Оё дили шумо захмин нест, мистер Морис? Гоҳҳо чашмони зебо аз тири кӯрӯшимӣ дида сахттар захмин мекунанд. Шояд, чашмони шумо ягон касро захмдор карда бошад ва аз ин рӯ он кас ҳамаи ин чизҳоро фиристодааст?
— Ту саҳв мекунӣ, Фелим. Эҳтимол, сабадро аз қалъа ягон кас фиристода бошад. Вале касе ки набошад, ман ваҷҳе намебинам, чаро мо бояд ба чизҳои даруни он такаллуфу таоруф кунем? Биё чашида мебинем.
Бемор аз таомҳои лазизи сабадча нӯши ҷон карда, лаззат бурд, аммо фикру хаёли ӯ боз ҳам гуворотар буд — Морис дар бораи ҳамон духтаре, ки ғамхории вай бароиш ҳамин қадар гарон буд, орзу мекард.
Нахоҳ ин тӯҳфаи пуркиматро кресолдухтари ҷавон — духтари тағо ва, чӣ тавре ки мегуфтанд, арӯсшавандаи душмани қаттоли вай фиристода бошад?
Ин ба назараш аз эҳтимол дур менамуд.
Вале агар ӯ набошад, пас кист?
Танҳо барои тасдиқ гардидани он, ки тӯҳфаи пурсаховати Луиза Пойндекстер фиристодааст, мустангер аспаш, як галаро батамом медод.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо