Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Фелим рӯп сабадчаро кушод; дар он ҳама чиз буд: якчанд шишаи май ва нӯшобаҳои хунукунанда, ки дар байни ҳар гуна нуклу наво ва деликатес — ҳунари дасти қаннод ва ошпаз гузошта шуда буданд. На мактубе дар он буд, на рукяъе, вале ба таври зебо ҷо ба ҷо гузоштани онҳо ҳеҷ шубҳа намегузошт, ки посилка бо дасти зан тайёр карда шудааст.
Ҳар чӣ ки дар сабадча буд, Морис як-як ҳамаашро боз карда медид,— ба фикри Фелим, Морис муайян кардаӣ буд, ки ҳамаи ин ба чанд пул афтода бошад. Вале дар ҳақиқат мустангер тамоман дар бораи чизи дигар фикр мекард,— ӯ рукяъ мекофт.
Аммо дар сабадча на коғазпорае буду на визиткарта. Ин тӯҳфаи пурсаховат, ки гуфтан мумкин, хеле бамаврид буд, дар дил шубҳа ба амал намеовард, ки онро одами давлатманд фиристодааст... Вале ӯ кӣ бошад?
Вақте ки Морис ин саволро ба худ медод, дар тасаввураш тимсоли зебое пайдо гардид ва беихтиёр мустангер онро бо валинеъмати номаълум пайваст. Наход ин Луиза Пойндексер бошад?
Бо вуҷуди то як андоза ба ҳақиқат наздик набуданаш, ӯ ба ҳар ҳол бовар кардан мехост, ки ин ҳамин тавр аст ва ҳоло ки ӯ бовар мекард, дилаш аз хушбахтӣ метапид.
Вале ҳар қадар ки зиёдтар фикр мекард, ҳамон қадар зиёдтар шубҳа менамуд ва аз боварии вай фақат умеди номуайяни хаёлӣ мемонд.
— «Ҷентлмен дод»,— такрор кард Фелим, ки ё худ ба худ гап мезад, ё ба соҳибмарҳаматаш муроҷиат мекард.— Гертруда гуфт, ки ҷентлмен дод. Дида мешавад, ҷентлмени меҳрубон будааст. Вале кӣ бошад?
— Ҳеҷ аклам намегирад, Фелим. Шояд, аз афсарҳои қалъа ягон кас бошад? Агарчи шубҳа дорам, ки ягон каси онҳо нисбат ба ман ин гуна ғамхорӣ зоҳир мекарда бошад.
— Худ ба худ маълум аст, ки ин кори онҳо не. Афсарҳо ва умуман мардҳо ба ин ҳеҷ дахл надоранд.
— Чаро ин тавр фикр мекунӣ?
— Чаро ин тавр фикр мекунам? Оҳ, мистер Морис, ҳар кас пурсад ҳам шумо напурсед. Охир ин кори ангуштони зан. Ҳай-ҳай! Нигоҳ кунед, чӣ тавр боэҳтиёт печонидааст. Ҳеҷ гоҳ ин аз дасти мард намеояд. Ҳа-ҳа, ин кори зан аст ва, ба гапам бовар кунед, ледии ҳақиқӣ.
— Гапи бекора, Фелим! Ман ягон ледиро намедонам, ки вай нисбат ба ман ин гуна ҳамдардӣ зоҳир намояд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо