Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
намекунад. Охир ин разилист! Фақат аз дасти немси мурдор ин корҳо меоянд. На, шумо, авлоди Чералдҳо аз Баллибаллох, балки ҳамон касе, ки ин чапчолро хезондааст, бигузор пулашро диҳад!
— Нашунидӣ, чаро вай чунин мешуморад, ки пули ҳамаашро бояд ман диҳам?
— Набошад, чӣ мистер Морис! Ин каллоб мегӯяд, ки шумо — фотимачумчуки ба даст афтада мебошед ва то арзиши ҳама чизро надиҳед, шуморо сар намедиҳад.
— Ҳеҷ гап не, ба наздикӣ мебинед, ки камтар саҳв кардааст.
Бигузор беҳтараш вай ҳисобу китобашро бо лаклаки ҳаво кунад. Ман розӣам, ки зиёду кам не, нисфи зарари расонидаамро диҳам. Агар мавридаш шавад, инро ба вай гуфтанат мумкин. Аммо ростӣ гап, Фелим, ҳатто намедонам, ки бо кадом пул ҳисобу китоб мекарда бошам... Эҳтимол, бисёр чизҳо шикаста, хароб карда шуда бошад. Дар хотирам ҳаст, ки вақти чангиданамон ким-чӣ чарангос зада баланд садо баровард. Зоҳиран онна ё соат, ё ба ҳамин монанд ким-чӣ шикаст...
— Оппан калон, мистер Морис ва кадом як асбоби шишагине, ки дар болои соат меистодааст. Мегӯянд, ки он дусад доллар меарзад. Дурӯғгӯҳо! Шояд, аз нисф зиёд наистад.
— Нисфаш ҳам ҳозир барои ман мушкилӣ мекунад. Аз афташ, Фелим, ба Аламо рафта тамоми дороии моро оварданат лозим меояд. Барои адо кардани ин қарз ҳатман аз маҳмез, ҷоми нуқра ва, шояд, аз милтиқ ҷудо шуданам лозим аст.
— Аз ҳамааш ҷудо шавед ҳам, аз милтиқ не, мистер Морис! Мо бе милтиқ чӣ тавр зиндагӣ мекунем?
— Як навъ карда рӯз мегузаронем, дӯстам. Гӯшти асп мехӯрем — лассо ба мо ёрдам мекунад.
— Албатта, аз он юндине, ки Дофферии пир ба мо медиҳад, рӯзамон бадтар намегузарад! Хар дафъа пас аз таом шиками ман дард мекунад.
Нохост бе тук-тук дар кушода шуда, дар остона андоми чиркине пайдо шуд — дарҳол гуфтан душвор буд, ки ӯ зан аст ё мард: ӯ дар дасти серрагу паяш сабадчае дошт.
— Чӣ гап шуд, Гертруда? — пурсид Фелим, ки зоҳиран, аллакай медонист, ки дар наздаш хизматгорзанак истодааст.
— Инро ҷентлмен дод,— ҷавоб дод ӯ сабадчаро дароз карда.
— Кадом ҷентлмен, Гертруда?
— Ӯро намешиносам. Пеш аз ин ҳеҷ гоҳ ӯро надида будам.
— Ҷентлмен дод? Кӣ бошад, Фелим, бин канӣ чӣ дорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо