Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

адабашро дода монд ва бо таҳсину тадоруқ дар ин бора гап мезаданд.

Ҳеҷ кас намедонист, ки Кассий Колҳаун ғаму ғуссаи мағлубшавии худро чӣ тавр аз сар мегузаронад; акнун ҳеҷ кас ӯро дар меҳмонхонаи «Роҳатфизо» намедид, аммо сабаби наомаданаш маълум буд; ҷароҳатҳои вазнини қариб марговар ба муддати зиёд ӯро бистарӣ карданд.

Агарчӣ ҷароҳатҳои Морис мисли ҷароҳатҳои рақибаш чандон вазнин набошанд ҳам, ӯ низ побанди бистару болин буд. Ӯ ноилоҷ дар меҳмонхонаи Обердофер — дар ҳуҷраи камчиҳозе манзил ихтиёр кард, зеро ҳатто шаъну шуҳрати фотеҳ муносибати бепарвоёнаи муқаррарии соҳиби онро нисбат ба вай дигар накард.

Пас аз дуэл аз бисёр рафтани хун ӯ беҳуш шуд. Ӯро ба ягон ҷои дигар бурдан мумкин набуд. Дар ҳуҷраи нороҳат хобида, ба ғамхориҳое, ки дар ҳаққи рақиби маҷрӯҳаш карда мешуд, ҳасад бурданаш мумкин буд. Фелим ҳамроҳи мустангер буд, набошад аҳволаш боз ҳам бадтар мешуд.

— Патрики валӣ! Охир ин расвоӣ! — оҳ мекашид хизматгори содиқ. — Сентлменро дар ин хел ҳуҷрача тикконда мондан аз ин ҳам зиёдтар расвоӣ мешавад! Шумо барин сентлменро, мистер Морис. На таомаш мазза дорад, на маяш. Хукбачаи парвони ирландӣ, шояд, аз хӯрокҳои ин ҷо медодагӣ рӯ гардонад. Ва ба фикратон, Доффери куҳансол дар поён чӣ гуфт...

— Ҳар чӣ гуфта бошад, бало ба пасаш ва азизам Фелим, ба ман тамоман фарқ надорад, ки Обердофер дар поён чӣ гуфт, вале агар ту хоҳӣ кӣ дар боло чӣ гуфтани туро нашунавад, лутфан, пасттар гап зан. Аз хотир набарор, дӯстам, ки деворҳои ин ҷо аз тахтаҳои таҳгирӣ ва андова иборатанд.

— Чин занад ин деворҳоро! Ҳар чӣ ки мардум дар ҳаққатон мегӯянд, ба шумо фарқ надорад! Ман бошам туф кардам, ки гапи маро мешунаванд ё не. Аздусар рафторе ки ин немис мекунад, аз ин бадтар намешавад. Ман ба ҳар ҳол мегӯям — инро донистанатон лозим.

— Хайр, майлаш. Гӯй, ки ӯ чӣ гуфт?

— Ана чӣ гуфт. Ба як ҷӯрааш гап заданашро бо гӯши худам шунидам, ки шуморо маҷбур карда на фақат пули ҳуҷра, пули хӯроку ҷомашӯӣ, балки пули ҳама шишаву оинаҳо, пули тамоми он чиро, ки ҳамон шаб шикаста ва хароб карда шуда буд, аз шумо мерӯёнад.

— Маро маҷбур карда мерӯёнад?

— Ҳа, шуморо, мистер Морис. Ва аз янкиҳо ҳеҷ чиз талаб

пешина
аз 509
навбатӣ