Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Боби XXII

ТҲФЛИ ПУРАСРОР

Дуэль барои Техас воқеаи тааҷҷубовар нест. Се рӯз ки гузашт, касе гапашро ҳам намезанад, пас аз як ҳафта ҳатто онро ба хотир ҳам намеоранд, албатта, ба истиснои иштирокчиён ва дӯсту наздикони онҳо.

Ҳатто агар одамони мӯҳтарам ва дар ҷамъият мақому мартабаи намоён доштагӣ дар дуэль ҷангида бошанд ҳам, аҳвол ҳамин. Агар дуэльчиён камбағалони номаълум бошанд, барои аз хотир баровардани корнамоиҳои онҳо як рӯз кифоя аст. Онҳо танҳо дар хотири рақибонашон — аксаран дар хотири як кас, касе, ки солим мондааст ва боз, шояд, дар хотири тамошобини бетолеъ мемонанд, ки тири дайдуе ба ӯ расидааст ё зарби корде, ки ба каси дигар мебоист зада мешуд, ба ӯ хӯрдааст.

Ман борҳо шоҳиди «задухӯрдҳои кӯчагӣ» гардидаам, ки дар миёни роҳ рӯй дода, шаҳриёни бегуноҳи бепарво сайругашт карда истода, дар натиҷаи ин дуэльҳои ба худ хос маҷрӯҳ ё кушта шуда буданд.

Ман ҳеҷ гоҳ нашунида будам, ки гунаҳкорон ҷазо дида, ё товони зарари моддиро дода бошанд — ба ин воқеаҳо одатан ҳамчун ба як «фалокати ногаҳонӣ» нигоҳ мекунанд. Сарфи назар аз он ки Қассий Колхаун, Морис Гералд барин нисбатан ба наздикӣ дар посёлка пайдо шуда буд, — зимнан Морис фақат гоҳ-гоҳ ба қалъа меомад, — дуэли онҳо бағоят завқу шавқро ба амал оварда буд ва расо нӯҳ рӯз дар бораи он гап заданд. Хулқу атвори танаффуромез, мутакаббиронаи капитан ва муҳити пурасроре, ки мустангерро фаро гирифта буд, шояд, сабаби он гардид, ки дуэль табъи махсусро гирифт: дар хусуси ин ду шахс, доир ба шаъну эътибор ва камбудиҳои онҳо пас аз чандин рӯзи муноқиша ва аз ҳама пурҷӯшу хурӯш дар он ҷое, ки хунашон рехта шуда буд, — дар бари меҳмонхона гап мезаданд.

Фотеҳ сазовори эҳтироми умум гардид ва дӯстони нав пайдо кард; тарафдори рақиби вай кам касон буданд. Аксарият аз анҷоми дуэль розӣ буданд: агарчи Колхаун фақат ба наздикӣ ба ин кишварҳо кӯчида омада буд, бо густохии рӯйнатанонааш аллакай аксари ҳамешаҳозирони барро ба муқобили худ барангехта буд.

Ҳама чунин мешумурданд, ки ҷавонмарди ирландӣ нағзакак

пешина
аз 509
навбатӣ