Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

буд. Овози ду карат холӣ шудани тир онро қатъ кард ва аз пасаш садои афтидани ду ҷисми вазнин шунида шуд.

Пас садои дасту позанӣ, афтида тақартуқур кардани курсӣҳо ва боз як садои тир — садои тири ёздаҳум баланд гардид. Ин садои тири охирин буд.

Тӯдаи ҳангоматалабон фақат абри дуди борутро, ки аз дар пино карда мебаромад, милт-милти хираи лампаҳо ва гоҳ-гоҳ чарс-чурс карда шӯълаваршавии равшаниро медиданду халос.

Ба шунидани онҳо хеле зиёдтар мешуниданд: чирингоси шикаста майда-майда шудани шишаи тиреза, гумбурроси афтидани мебел, ки дар задухӯрд шадид чаппа карда мешуданд, дар рӯи фарши тахтагӣ садои қадамгузорӣ ва гоҳ-гоҳ овози бетирӣ таппонча. Вале овози ононӣ, ки кинаю адовати дутарафа онҳоро ба ин задухӯрд оид карда буд, шунида намешуд.

Аз ҳангоматалабон ягон кас намедонист, ки дар даруни барчи ҳодиса рӯй дода истодааст, фақат аз рӯи садои тир фаҳмидан мумкин буд, ки дуэль чи тавр мегузарад. Онҳо то ёздаҳ шуморданд ва нафас нагирифта мунтазири холӣ карда шудани тири дувоздаҳум буданд.

Аммо ба ҷои садои тир овози мустангер шунида шуд.
— Мили таппончаи ман ба чаккаи шумо гузошта шудааст! Боз як тирам мондааст. Узр пурсед — ё худ ҳалок мегардед!

Иддиҳом фаҳмид, ки дуэль ба охир мерасад. Баъзе касони нотарс ба дарун нигаристанд. Онҳо диданд, ки рақибон дар рӯи фарши тахтагӣ паҳн шуда хобидаанд. Ҳардуяшон ба хун оғӯшта, ҳардуяшон сахт маҷрӯҳ шуда буданд; реги сафеди гирду атрофашон аз хун сурх буд; дар он ҷое, ки онҳо ба ҳамдигар наздик хазида, маротибаи охирин тир кардаӣ шуда буданд, дар рӯи рег изҳо качу килеб намудор буданд; яке аз онҳо шими пилтабахмал дар тан ва шарфи сурх ба миён баста, саҳл нимхез шуда, мили таппончаро ба чаккаи дигараш гузошта, ӯро таҳдиди куштан мекард.

Вақте ки ҷараёни ҳаво дуди борутро пароканда карду ҳама чиз дар бар ба чашмашон намудор гашт, манзарае, ки тамошобинон диданд, ана ҳамин тавр буд.

Дар ҳамин вақт овози дигар, овози Колхаун шунида шуд. Дар оҳанги гапзании ӯ акнун ҳавобаландӣ ҳис карда намешуд. Ин фақат пичирроси шикваомезе буд:
— Бас аст... Мили таппончаро фуроред... Бубахшед...

пешина
аз 509
навбатӣ