Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар назди сутунӣ, ки ба он зангӯла овехта шуда буд, се ё худ чор қиёфаи тираеро фарқ кардан мумкин буд. Пас аз фармони онҳо ба ҷунбуҷул даромаданд. Баробари ба ҳаракат даромадани дастони онҳо, ки дар торикӣ ба зӯр маълум буданд, садои ҷарангосии зангӯла баланд гардид. Ин садо, ки одатан хурсандона мардумро ба наҳорӣ даъват мекард, акнун ишораи саршавии задухӯрди марговар буд.

Садои ҷарангос тӯл накашид. Пас аз зарбаи аввалини касоне, ки аргамчинро мекашиданд, диданд, ки ба хизмати онҳо дигар эҳтиёҷ нест. Рақибон худро ба бар заданд, садои карскурси таппонча, ҷарангоси шикастани шиша баланд гардид ва занандагони зангӯла фаҳмиданд, ки ин кори онҳо фақат боиси гавғои зиёдати мегардад. Онҳо аргамчинро партофта, мисли ҳамаи тамошобинони дигар гӯш дода истоданд.

Ба ғайр аз иштирокчиён дигар ҳеҷ кас надид, ки ин дуэли аҷиб чӣ тавр рӯй дод.

Баробари аввалин занги зангӯла рақибон ба бар даромаданд. Ягон каси онҳо дар берун таъхир накард. Таъхир кардан — маънии ба тарсончакӣ ном бароварданиро дошт. Садҳо чашмон ба онҳо менигаристанд ва тамошобинон шартҳои дуэльро медонистанд: то ба остона қадам гузоштан на инаш, на ваяш набояд тир холӣ мекард.

Ҳамин ки онҳо ба он ҷо даромаданд, дарҳол аввалин садоҳои тир баланд гардид. Хона пур аз дуд шуд. Бо вуҷуди ҳардуяшон захмдор гардиданд, ҳардуяшон сари по меистоданд. Ба рӯи куми сафеди фарш хун фаввора зад.

Тирҳои дуюм низ баробар холӣ карда шуданд, вале онҳо таваккал парронида шуданд, зеро ба дуэлчиён дуд халал мерасонд.

Пас садои тири танҳо баланд гардида, дарҳол аз пасаш тири дуюм садо дод, баъд хомӯшӣ ба миён омад.

Пеш аз ин шунида мешуд, ки чӣ тавр душманон рӯ-рӯи хона ҳаракат мекунанд. Акнун ин садо дигар шунида намешуд.

Хомӯшии том ҳукмфармо гардид. Оё онҳо ҳамдигарро кушта буданд? Не. Аз нав паи ҳам ду маротиба холӣ карда шудани тир аз он хабар медод, ки ҳардуяшон ҳам зиндаанд. Сабаби таваккуф он буд, ки рақибон ҳамдигарро кофта ёфтани мешуданд ва аз байни пардаи дуд бодиққат менигаристанд. Ҳардуяшон хомӯш меистоданд ва барои он ки дар куҷо будани худро маълум накунанд, аз ҷой намеҷунбиданд.

Аз нав хомӯшӣ ба миён омад ва ин дафъа он басе тӯлонӣ

пешина
аз 509
навбатӣ