Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

дувоздаҳ ярд дуртар аз он ҷамъ омада буд. Ҳама ки ба тамошои манзараи ҳаяҷонбахш апдармон буданд, чашм наканда, ба меҳмонхона менигаристанд. Онон ба ду марде, ки дар ҳар ду чети муқобили бинои чӯбин, ки дар он майхона воқеъ гардида буд, дур аз ҳамдигар истода муоина мекарданд.

Сарфи назар аз он ки деворҳои чӯбини ғафс ин ду шахсро аз ҳам ҷудо мекарду якдигарро намедиданд, ҳама ҳаракатҳои онҳо якхела буданд ва гӯё як қасду ният боиси онҳо мешуд. Ҳар кадоми онҳо дар дамгаҳи дар меистоданд, ки аз он равшании фурӯзон хатти васеъро ташкил дода, ба майдони калони сангфарш меафтид. Онҳо рост рӯ ба рӯи даромадгоҳ не, балки каме четтар аз равшанӣ меистоданд. Ҳардуяшон мисли давандагоне, ки дар пиллан пойга истода омодаи давидананд, саҳл ҳам шуда буданд. Ҳардуяшон бодиққат ба сӯи бар менигаристанд, ки аз он ҷо садои тик-тики соат ба гӯш мерасид. Аз рӯи истошон пай бурдан мумкин буд, ки онҳо тайёранд зада ба он ҷо дароянд ва фақат мунтазири ишораи шартӣ мебошанд.

Дар сару либоси ин ду шахс ягон чизи зиёдатӣ набуд, ягон чизе, ки ба ҳаракати онҳо халал расонад, — онҳо бекулоҳ буданд ва ғайр аз курта дигар ҳеҷ чиз дар бар надоштанд; чеҳра ва намудашон аз азми қатъии онҳо шаҳодат медод.

Нияти онҳоро пай бурдан мушкил набуд. Шахси бегона агар по хост дар майдони назди меҳмонхона пайдо мешуд, аз назари аввал сарфаҳм рафта метавонист, ки аз ҳаёту мамот гап меравад. Таппончаҳои бардошташуда, шиддати вазоеъ, хомӯшие, ки дар байни ҳангомалатабон ҳукмфармо буд ва, ниҳоят, завқу завқи ҷиддие, ки ҳама ба ин ду кас менигаристанд, аз ҳар сухан возеҳтар мегуфтанд, ки дар ин ҷо ҳодисаи мудҳише рӯй дода истодааст. Қисса кӯтоҳ: ин задухӯрде буд, ки марг анҷоми он шуда метавонист.

Лаҳзаи ҳалкунанда фаро расид. Дуэльчӯён бодиққат ба даре менигаристанд, ки ба он даромаданашон лозим буд ва, шояд, ҳагар ҳеҷ гоҳ аз он ҷо намебаромаданд. Онҳо фақат маҳтали ишора буданд, ки аз остона ба дарун қадам гузоранд ва ба ҷанги тан ба тан шурӯъ кунанд, ки барои яке аз онҳо, ва шояд, барои ҳардуяшон фалокатовар мегардид.

Оё онҳо ба суханони фалокатбори: «Як-ду-се — паррон!» маҳтал буданд?

Не. Ишораи дигаре таъин шуда буд ва он садо дод. Овози баланди касе фарёд зад:
— Занг зан!

пешина
аз 509
навбатӣ