Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
рогҳо, шиша ва оинаҳои қиматбаҳо медурахшид, хомӯшии тамоман ҳукмфармо гардид, ки дар ин хомӯшӣ танҳо садои якхелаи тик-тики соати сарпӯшаш булӯрин шунида мешуд.
Боби XXI
ДУЭЛЬ ДАР БАР
Майор аз меҳмонхона баромада, дигар дар ин моҷаро иштирок накард.
Тартиби дуэль ба коменданти қалъа намезебид, агарчи ҳатто назорат карда ҳам меистод, ки қондаҳои он вайрон карда нашаванд. Ба ин афсарҳои ҷавон машғул шуданд, ки дарҳол дасту остин барзада ба кор шурӯъ намуданд.
Барои ин вақти зиёд лозим набуд. Шарти он аллакай муайян карда шуда буд. Фақат ба яке аз ҳозирон супурдан лозим буд, ки зангӯла занад ва он мебоист барои саршавии дуэль сигнал мешуд.
Ин кори мушкил набуд, зеро ин аҳамият надошт, ки кӣ занг мезанад. Ҳатто кӯдак барои саршавии ин задухӯрди даҳшатнок сигнал дода метавонист.
Агар мушоҳидакунандаи бегона дар ҳамин лаҳза тасодуфан ба майдони назди меҳмонхонаи «Роҳатфизо» омада мемонд, тамоман ҳайрон мешуд, ки дар ин чӣ ҳодиса рӯӣ дода истодааст. Шаб хеле торик бошад ҳам, аммо тӯдаи одамонеро, ки андаке дуртар аз меҳмонхона истода буданд, фарқ кардан мумкин буд. Аксарияти онҳо дар тан сару либоси ҳарбӣ доштанд; дар ин ҷо на фақат он афсароне буданд, ки аз майхона баромада буданд, балки касони дигар, инчунин сарбозони аз хизмати ҳарбӣ озод, ки дар майдон рӯӣ додани ким-чӣ гуна воқеаро шунида омада буданд, ҳузур доштанд. Занон — занҳои сарбозон, ҷомашӯйзанҳо ва якчанд нафар сеньоритан чобукӣ гашту гузорашон шубҳанок, — саросемавор сару либос пӯшида, тохта ба кӯча баромада, аз онҳое, ки чаққонӣ карда пештар ба майдон омада буданд, сабаби ғалоғуларо мепурсиданд.
Бо якдигар пичир-пичир гап мезаданд. Маълум буд, ки дар майдон майор ва дигар намояндагони ҳукумат ҳузур доранд, — ин тамошобинонро бозмедошт.
Издиҳом дар назди меҳмонхона не, балки дар ҷои кушод.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо