Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Аз рӯи сигнал сар кардан лозим,— ба гапаш давом намуд майор.— Ягон касашон набояд пештар тир холӣ кунад. Кӣ таклиф карда метавонад, кӣ чӣ хел сигнал диҳем?

— Ба назарам ман метавонам, — пеш баромада бомулоҳиза гуфт капитан Слоумен. — Бигузор мистер Колхаун ва мистер Ҷералд ҳамроҳи мо берун бароянд. Агар шумо пайхас карда бошед бар аз ду тараф дар дорад. Ҳарду дар ҳам баробар ҷойгир шудаанд. Бигузор баъд гашта дароянд: якеашон аз як дар, дигарашон аз дари дигар ва фақат баробари аз остона қадам гузоштан тир холӣ кунад.

— Бисёр нағз! Айни муддао,— якчанд овоз баробар баланд гардид.

— Ба ин чӣ бояд сигнал шавад? — саволашро такрор кард майор.— Садои тир?

— Не, садои нӯкуси меҳмонхона.

— Аз ин беҳтар чиз фикр карда ёфтан мумкин нест, бисёр нағз! — гуфт майор ва ба сӯи яке аз дарҳое, ки ба майдон мебаромад, равон гардид.

— Майн готт1 майор! — фарёд зад соҳиби бар аз пасӣ пешдӯкон тохта баромада, ки то ин вақт аз тарс карахт шуда истода буд. — Майн готт! Наҳод онҳо дар бари ман тирпарронӣ кунанд? Оҳ! Онҳо ҳамаи шишаҳои маро, ҳам ойнаҳои зебоям, ҳам соати булӯринамро, ки сад... дусад доллар меистанд, зада мешикананд! Майҳои беҳтаринамро мерезонанд... Эҳ, майор! Бо ин корашон маро хонахароб мекунанд. Чӣ бояд кард? Майн готт! Охир ин...

— Парво накунед, Обердофер,— дар ҷояш истода ҷавоб дод майор.— Боварӣ дорам, ки товони ҳамаи зараратро медиҳанд. Вале, ба ҳар ҳол, шумо бояд худатон дар ягон ҷо руст шавед. Агар шумо дар баратон истодан гиред, яқин тиреро ба синаатон шинонда мемонанд, ин бошад, аз шикастани шиша дида бадтар аст.

Майор ин суханонро гуфта, соҳиби меҳмонхонаро, ки даступо гум карда буд, танҳо гузошта саросема берун баромад ва дар он ҷо ҳарду рақибро вохӯрд, ки навакак аз ду дари бар баромада буданд.

Обердофер дар миёнҷои бари худ бисёр наистод. Дари берун аз паси майор пӯшида нашуда, дари дарун аз паси соҳиби меҳмонхона пӯшида шуд. Ва дар бар ки аз шуои чи-

1 Майн готт! (немисӣ) — Худоё!

пешина
аз 509
навбатӣ