Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ман дигар ҳеҷ чиз надорам! — самимона ҷавоб дод мустангер, ки ба ростин суханонаш ҳеҷ гуна шубҳа намемонд. Ҳама ба Колхаун рӯ оварданд, ки дар додани ҷавоб таъхир менамуд. Ӯ фаҳмид, ки иқрор шуданаш лозим аст.

— Албатта, — гуфт вай, — ман боз корд дорам. Умедворам, шумо онро гирифтани нестед? Ба назарам, ҳар кас ҳуқуқ дорад, ки аз аслиҳаи доштааш истифода кунад.

— Аммо, капитан Колхаун, — ба гапаш давом намуд Ҳенкок, — рақиби шумо корд надорад. Агар шумо натарсида бо шарти баробар бо ӯ ҷангидаӣ бошед, аз баҳри корд баромаданатон лозим.

— Ҳа, албатта! — фарёд зад якчанд овоз. — Албатта, аз баҳраш баромаданаш лозим!

— Кордатонро ин ҷо диҳед, капитан Колхаун, — исрор кард майор. — Шаш тир бояд ҳар як одами солимаклро қонеъ гардонад ва корд ба кор бурдан беҷо мебошад. Охир то парронда тамом кардани тиратон, яке аз шумо...

— Бало занад! — тугмаҳои сюртукашро кушода фарёд зад Колхаун. Ӯ кордро бароварда, ба кунҷи муқобили бар партофт ва бо овози ҷангҷӯёна гуфт: — Барои ин аҷинабашара корд ба ман лозим нест, — бо тири якумам корашро тамом мекунам!

— Пас аз он ки инро дар амал нишон додед, ҳар қадар ки гап занед, вақт ҳаст. Ва хаёл накунед, ки суханони пурлофу газофи шумо маро тарсонданд... Тезтар бошед, ҷентлменҳо! Ман бояд ба ин худситоӣ ва бадгапӣ хотима гузорам!

— Кучук! — бадхашмона фашшос зада гуфт «марди наҷиб аз ҷануб». — Кучуки манфури ирландӣ! Ман туро маҷбур мекунам, ки уллосатро рафта дар сагхонаат каш! Ман...

— Шарм кунед, капитан Колхаун! — дар ҳолате, ки ҳама дар ҳаяҷон омада буданд, майор сухани ӯро бурид. — Ин суханон барзиёдӣ. Дар маъракаи одамони дуруст ин гуна рафтор аз рӯи одоб намебошад. Як дақиқа сабр кунед ва он гоҳ ҳар чӣ ки хоҳед, гуфтан гиред... Акнун, ҷентлменҳо, боз як чиз, — ба давра истодагон муроҷиат карда гуфт вай: — Қавл додани онҳо лозим, ки то мо ҳамаамон аз ин ҷо баромада наравем, онҳо тир холӣ намекунанд.

Дарҳол мушкилот ба миён омад. Дуэлро чӣ тавр сар кунанд? Дар сурате, ки ҳисси ҷангҷӯӣ ба ин дараҷа авҷ гирифта буд, як вазъияти хушку холӣ кам буд. Ба ҳар ҳол, дар гумон яке аз рақибон ба зер кардани куланг иҷозат шудандро маҳтал шуда меистод.

пешина
аз 509
навбатӣ