Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
— Ба гап ҳамроҳ шуданд якчанд кас, ки шоҳиди муноқиша буданд.
— Ҳеҷ гоҳ! — ҳавобаландона ҷавоб дод капитани мустазъӣ. — Кассий Колхаун одати узр хостан надорад, алалқсус дар назди ин маймуни либоспӯш!
— Бас аст! — фарёд зад Морис, ки бори аввал қаҳру ғазабашро нишон медод. — Ман мехостам ба ӯ имкон диҳам, ки ҷонашро амон диҳад. Ӯ аз ин рӯ гардонд. Ва акнун, қасам ба номи ҳамаи авлиёю анбиёҳо, ки яке аз мо аз ин хона зинда намебарояд! Майор, исроркорона аз шумо ва дӯстонатон илтимос менамоям, ки аз ин ҷо равед! Ман дигар ба беҳаёғиҳои ӯ тоб оварда наметавонам!
— Ҳа-ҳа-ҳа! — қаҳқаҳи ҳандаи таҳқиромези Колхаун баланд гардид. — «Имкон диҳам, ки ҷонашро амон диҳад!». Равед аз ин ҷо, ҳамаатон равед! Ман ба ӯ нишон медиҳам!
— Истед! — фарёд зад майор, ки ҷуръат наменамуд пушташро ба дуэлчиён гардонад. — Ин коратон намешавад. Шумо аз вақти лозима дида ягон сония барвақт кулангро зер карданатон мумкин. То сар кардани шумо мо бояд баромада равем...
Ғайр аз ин, ҷентлменҳо, — ба ҳозирон рӯ оварда ба гапаш давом намуд, — охир қоидаҳои дуэл бояд риоя карда шаванд.
Агар онҳо ҷангиданӣ бошанд, шароити ҳарду тараф бояд як хел бошад. Пеш аз ҳама бояд ҳардуяшон як хел мусаллаҳ бошанд, ва бояд онҳо бовичдонона сар кунанд.
— Албатта! Гапатон ҳақ! — баробар гуфтанд ҳозирон, ки тахмин даҳ нафарро ташкил медоданд. Ҳамаашон ба дуэлчиён менигаристанд ва мунтазир буданд, ки онҳо ба ин чӣ гуна рафтор мекунанд.
— Умедворам ҳеҷ кадоматон не намегӯед? — саволомез ба гапаш давом намуд майор.
— Ман бар хилофи талаботи одилона муқобилат карда наметавонам, — ҷавоб дод Морис.
— Ман бо аслиҳаи дар дастам будагӣ меҷангам! — бадхашмона гуфт Колхаун.
— Розиям. Ин аслиҳа низ маро қаноат мекунонад, — баланд гардид овози рақиб.
— Мебинам, ки ҳардуятон ҳам таппончаи шаштираи Колҳрақами ду доред, — гуфт майор. — Ҳоло ҳамааш баҷо. Шумо баробар мусаллаҳ мебошед.
— Онҳо боз дигар хел аслиҳа надоранд? — дар зери домани сюртуки Колхаун корд буданашро гумонбар шуда пурсид Гепкоки ҷавон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ