Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

каминан камтарин супурда шудааст. Бинобар ин ба шумо фармон медиҳам, ки таппончаАТОНРО ба ҷои гирифтагиатон монед. Фавран, набошад, ҳамчун як сарбози оддӣ шуморо ба гауптвахта мефиристам!

— Наход? — фашшос зад Колхаун. — Шумо Техасро ба кадом мамлакати зебо табдил доданӣ ҳастед! Пас, кас ҳар қадар ки таҳқир надида бошад, бе иҷозати шумо, майор Ригвуд, ҳуқуқи дар дуэл ҷангидан надорад? Ана, қонунҳои ин ҷо чӣ гуна будаанд?

— Ҳеҷ ин хел не, — ҷавоб дод майор. — Ман ҳеҷ гоҳ ба ҳалли бовичдононаи муноқиша монеъ намешавам. Агар ин ба шумо маъқул бошад, ҳеҷ кас шумо ва рақиби шуморо манъ накардааст, ки ҳамдигаратонро зада кушед. Аммо ҳозир не. Шумо, мистер Колхаун, бояд фаҳмед, ки дилхушии шумо, ки ҳеҷ кас ба он шавқманд нест, барои ҳаёти дигарон хатарнок мебошад. Ман худамро ҳадафи тире кардани нестам, ки ба қасди ҷони каси дигар равона карда шудааст. То масофаи бехатар рафтани ҳамаи мо сабр намоед ва баъд ҳар қадар, ки дилатон хоҳад, парон-паронӣ кунед. Акнун, сэр, умедворам қонеъ мебошед?

Агар майор одами оддӣ мебуд, дар гумон ин сипориш иҷро карда мешуд. Вале ба эътибору нуфузи афсари калони қалъа боз иззату икроми шахси синну солаш лоиқи эҳтиром, ба замми он яроқро нағз кор фармуда тавонистани вай илова мегардид ва — чӣ тавре, ки ба ҳама нағз маълум буд — ӯ фармони худро безӯтино намегузошт. Вай шамшери худро барои таҳдиди бекора луч накарда буд.

Рақибон инро медонистанд. Онҳо баробар мили таппончаҳоро поин фуроварданд, вале ҳамоно онҳоро дар даст нигоҳ медоштанд.

Колхаун мисли даррандаи ваҳшӣ, ки халал расонида ӯро ба қурбониаш ҳамла кардан намондаанд, абрӯ чин карда, дандонҳояшро ба ҳам фишурда меистод. Мустангер бошад хашму ғазабашро зоҳир накарда, ба фармон оромона сари итоат ҳам кард.

— Ба гумонам, шумо қатъӣ қарор додаед, ки дар дуэл бичантед, — гуфт майор ва нағз мефаҳмид, ки барои оштӣ до- рондан қариб умед нест.

— Ман ба ин исрор намекунам, — хоксорона ҷавоб дод Морис. — Агар мистер Колхаун барои суханони гуфта ва раф- тораш узр хоҳад...

— Ҳатман ин корро карданаш лозим: вай аввал сар кард!

пешина
аз 509
навбатӣ