Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

далертар буданд ва мефаҳмиданд, ки ҳангоми гурехтан аз тахтапушташон тир мехӯранд.

Боз хомӯшии том ҳукмрон гардида, якчанд сония давом кард. Ин ҳамон фосилае буд, ки қарори шуур ҳанӯз амалӣ нагардида — ба ҳаракат надаромада буд.

Шояд, ҳангоми вохӯрии дигар рақинон ин фосила камтар мебуд: ду шахси басе мустақим ва камтаҷрибатар ҳамон дам куланги таппончаҳоро зер мекарданд. Аммо Колхаун ва Чералд аз он гуна касон набуданд. Онҳо борҳо шоҳиди кашмакашҳои кӯчагӣ гардида, дар онҳо иштирок карда буданд ва медонистанд, ки дар чунин мавридҳо шитоб кардан чӣ гуна хатарнок мебошад. Ҳар кадоми онҳо қарор дода буд, ки бидуни иштибоҳ тир холӣ кунад. Сабаби таъхир карданашон ҳам ҳамин буд.

Барои ононе, ки дар берун буданд ва ҳатто ҷуръати сар ҳалопидан намекарданд, ин таъхир қариб азнятьвар буд.

Садои тири таппонча, ки ҳар лаҳза онҳо шунидани онро мунтазир буданд, ин шиддатро бартараф мекард. Вакте ки ба ҷои садои тир овози баланд ва омиронаи майор, ки аз ҷумлан он якчанд нафари дар бар мондагӣ буд, баланд гардид, онҳо қариб ноумед шуданд.

— Истед! — мисли шахсе ки одат кардааст ба ӯ итоат намоянд, бо оҳанги қатъӣ фармон дод ва шамшерро аз наём кашида, рақибонро аз ҳам ҷудо кард. — Ба ҳардуятон фармон медиҳам, ки тир холӣ накунед! Мили таппончаҳоятонро фуроред, набошад ба номи парвардигор қасам, дасти ҳамон касеро, ки авалин шуда ба куланг ангушт мебарад, аз беҳаш бурида мепартоям! Ба шумо мегӯям, истед!

— Барон чӣ? — аз газаб суп-сурх шуда фарёд зад Колхаун. — Чаро, майор Рингвуд? Пас аз чунин таҳқир ва боз худо медонад он ҳам аз ки...

— Сабаби он шумо, капитан Колхаун.

— Хайр чӣ шудаст? Ман аз он касоне нестам, ки ба таҳқир тоб биёрам! Як тараф истед, майор! Ин кашмакаш ба шумо дахл надорад ва шумо ҳуқуқи даҳолат кардан надоред!

— Ҳамту? Ха-ҳа! Слоумен, Ҳенкок, Кроссмен! Шунидед? Ман ҳуқуқи даҳолат кардан надоштаам... Капитани мустаъфӣ, Кассий Колхаун, аз хотир набароред, ки дар куҷо мебошед. Хаёл накунед, ки шумо дар штати Миссисипи, дар байни «чапубиҳои ҷавоинмардатон» мебошед, ки гуломонро азобу шиканҷа медиҳанд. Ин ҷо, сэр, қалъаи ҳарбӣ мебошад. Дар ин ҷо қонунҳои ҳарбӣ амал мекунанд ва фармондеҳии ин қалъа ба

пешина
аз 509
навбатӣ