Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
моҳияти онро фаҳмиданд. Агар шикорчии аспони ваҳшӣ аз бинии Кассий Колхаун дошта мекашид ҳам, аз ин рафтори вай равшантар намегардид, ки даъват қабул карда шудааст. Танҳо мухтасаргарӣ нияти ҷиддии таҳқирдидаро таъкид мекард.
— Шумо? — таҳқиромезона пурсид Колхаун ва ба тарафи ӯ баргашта даст ба миён гузошт.— Шумо? — вай сар то пои мустангерро аз назар гузаронида, ба суханаш давом намуд.— Шумо ирландӣ? Наход, ман ҳеҷ гоҳ гумон намекардам, ки шумо ирландӣ бошед. Назар ба сару либос ва гулдӯзии куртаатон ман шуморо мексикӣ мегуфтам.
— Ба сару либоси ман коратон чӣ, мистер Колхаун! Вале модоме, ки ба куртаи ман виски рехтед, иҷозат диҳед ман ҳам ба шумо ҳамин тавр ҷавоб гардонам ва оҳари куртаи шуморо шӯям.
Мустангер баробари гуфтани ин суханон, стаканро ба даст гирифт ва то Колхаун рӯй гардонидан, вискии боқимондаро ба рӯи ӯ пошид, ки аз ин Колхаун сахт-сахт сулфида, атса задан гирифт ва ин боиси дилхушии аксарияти ҳозирон гардид.
Аммо пичир-кучури тасдиқкунанда дарҳол хомӯш гардид. Ҳоло вақти гапзанӣ набуд. Ба ҷои садоҳои таҳсинкунанда хомӯшии маргбор ҳукмфармо гардид. Ҳама мефаҳмиданд, ки масъала сурати ҷиддӣ гирифтааст. Муноқиша мебоист бо дуэл меанҷомид. Ҳеҷ як қувва онро пешгирӣ карда наметавонист.
БОБИ ХХ
ВАЗЪИЯТИ ПУРХАТАР
Баробари ба рӯи Колхаун пош хӯрдани виски ӯ даст ба таппонча бурда, онро аз ғилоф баровард. Вале, пеш аз он ки ба душмани худ ҳамла орад, ӯ чашмашро пок карданӣ шуда таъхир намуд.
Мустангер ҳам аллакай ҳамин гуна аслиҳаро аз ғилоф бароварда тайёр меистод, ки дар ҷавоби тир тир холӣ кунад.
Аз ҳама ҳозирони бар аз ҳама камҷуръаттаринашон ба воҳима афтода, ҳамдигарро тела дода ба сӯи дар тохтанд.
Баъзеҳо дар ҳамон ҷо истоданд: баъзеҳо бо сабабе ки гаранг шуда буданд, баъзеҳо — барои он ки басе хунсардтару
Колхаун даст ба таппонча бурд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ