Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Зинда бод Америка барои америкоиён ва дафъ бод ҳамаи он касоне, ки аз дигар ҷойҳо омадаанд, хусусан ирландиҳои лаънатӣ!

Қолҳаун ин қадаҳи таҳқиромезро гуфта, қадаме қафо гузошт ва мустангерро, ки павакак стаканро ба лаб наздик бурда буд, бо оринҷ тела дод.

Виски лапида аз стакан ба куртаи мустангер рехт.

Оё ин тасодуфӣ буд? Ин кор, ки ба он ин қадах илова карда шуда буд, фақат қасдан ва пешакӣ дониста карда шуданаш мумкин буд.

Ҳама мунтазир буданд, ки ҳамин дам Морис ба чафокор дармеафтад. Онҳо аз рафтори мустангер маюс шуда, дар тааҷҷуб монда буданд. Баъзеҳо ҳатто фикр мекарданд, ки ӯ ба таҳқир хомӯшона тоб меорад.

— Агар дамашро набароварда хомӯш истад, — ба гӯши Слоумен пичиррос зада гуфт Ҳенкок, — як лагад ба қафалаш зада пеш кардан лозим.

— Парво накунед, — пичирросзанон ҷавоб дод пиёдагард.— Ин тавр нахоҳад шуд. Ман, чи тавре, ки ба шумо маълум аст, шарт бастапро нағз намебинам; вале якмоҳа маошамро гарав мемонам, ки мустангер дурустакак танбеҳашро медиҳад.
Ва боз ҳамин қадар пули дигар гарав мемонам, ки ин хел рақиб балои ҷони Кассий Қолҳаун мешавад, агарчи ҳозир Чералд аз таҳқир дида, гӯё бештар курта маюс мекунад. Хуб, одами аҷиб будааст!

Ҳоло ки ҳама байни худ пичир-кучур мекарданд, шахсе, ки диққати ҳама ба вай нигаронида шуда буд, ором дар назди пешдӯкон меистод.

Ӯ стакани худро гузошт, аз киса рӯймолчаи шоҳпашмро баровард ва сари синаи куртаи гулдӯзнашро пок кардан гирифт.

Дар ҳаракатҳои вай оромии ҳаяҷоннопазир мушоҳида карда мешуд, ки дар гумон онро зоҳиршавии тарсончакӣ донистан мумкин буд; ва ононе, ки ба ин оромӣ шубҳа мекарданд, фаҳмиданд, ки саҳв кардаанд. Онҳо хомӯшона маътали давоми он буданд.

Чандон зиёд маътал нашуданд. Тамоми воқеаи рӯйдода, аз ҷумла пичир-кучур, беш аз бист сония тӯл накашид; пас аз ин амалиёт сар шуд, дурусттараш — суханоне шунида шуданд, ки онҳо дебӯча буданд.

— Ман ирланднам, — рӯймолчаро ба кисааш гузошта гуфт мустангер.

Ҷавоб хеле оддӣ ва дермонда ба назар менамуд, вале ҳама

пешина
аз 509
навбатӣ