Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ин тавр ҳамон вақт салом медиҳанд, ки мардум рӯзро бо ҳам дар як ҷо гузаронидаанд ва як муддати кӯтоҳ аз ҳам ҷудо шудаанд. Агар капимани мустаъфи масти лояқил набошад ҳам, ба ҳар ҳол, анча сархуш буд. Чашмонаш аз ҳаяҷон медурахшиданд, ранги рӯяш мурда барин парида буд, фуражкаашро якшоҳа монда ва аз зери он ду-се мила мӯй баромада, ба пешониаш меафтид, — маълум буд, ки вай аз тақозои хираду андеша зиёд нӯшида буд.

— Чентльменҳо, менӯшем! — ба майор ва гурӯҳи ӯро иҳота карда рӯ оварда, ба пешдӯкон наздик шуд.— Чигарӣ менӯшем, то ки пирамард «Доинперветтер» нагӯяд, ки барои мо шамро бекора ҳайф мекунам. Ҳамаро таклиф мекунам!

— Мо розӣ, розӣ! — якчанд овоз баробар ҷавоб дод.

— Шимо чӣ, майор?

— Чонам қатӣ, капитан Колхаун.

Мувофиқи урфу одати расм буда тамоми ҷамоа, ки ба мақсади нӯшидан ҷамъ омада буданд, дар назди пешдӯкон катор шуданд ва ҳар кадом нӯшокии табъи дилашро ном гирифта, баланд фарёд мезад. Чамоа аз чанд нафар ки иборат бошад, ҳамон қадар навъи май фармуда шуд. Колхаун худаш фарёд зад:

— Бренди! — Ва дарҳол илова намуд: — Ба он виски ҳам қатӣ кунед.

— Бренди ва виски супориши шумо, мистер Колхаун? — аз болон пешдӯкон ба тарафи шахсе, ки ҳама ӯро шарики мулки калон ҳисоб мекарданд, тамаллуккорона ҳам шуда пурсид соҳиби бар.

— Зудтар бош, немиси беакл! Бренди гуфтам-ку.

— Хӯб шудаст, хер Колхаун, хӯб шудаст! Бренди ва виски, бренди ва виски, — такрор кард немис ва саросема шуд, ки ҳарчӣ зудтар машрабаро ба назди муштарӣ бадмуомила гузорад.

— Ҳамнишинони майор, ба ду-се меҳмони аллакай дар назди пешдӯкон истодагӣ ҳамроҳ шуда, як дюм ҳам ҷои холӣ намонданд.

Вале Колхаун тасодуфан ё худ қасдан аз қафои ҷамоаи таклиф кардааш истода, худро дар паҳлӯи Морис Чералд дид, ки осуда дар як тараф истода, вискию об менӯшид ва сигор мекашид. Ҳардуяшон ҳам гӯё якдигарро намедиданд.

— Як қадах гӯям! — стаканро аз рӯи пешдӯкон гирифта бо овози баланд гуфт Колхаун.

— Гӯед! — ҷавоб дод якчанд овоз.

пешина
аз 509
навбатӣ