Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

ӯ як духтари хеле аҷиб аст. Шумо, шояд, худатон инро пай бурда бошед.

— Наход, Слоумен! — пичинг кард майор. — Метарсам, ки шумо аз ғайбат рӯ намегардонед. Эҳтимол, худатон ба мисс Пойндекстер ошиқ шуда бошед, агарчи худро зангурез вонамуд мекунед? Агар дили ӯро дигар кас ба даст намеовард, шумо ӯро ба Генкок ё Кроссмен рашк мекардед, ин гапи маълум буд, аммо ба мустангерӣ оддӣ...

— Мустангер ирландӣ аст, майор. Ва ман ҳам асос дорам тахмин намоям, ки ӯ...

— Ҳар кас ки набошад... — назари сатҳие ба сӯи дар партофта сухани ӯро бурид майор. — Ана вай бигузор худаш ҷавоб диҳад. Ӯ одами росткор аст ва ҳар чи ки зоҳиран, бағоят завқманди донистани он мебошед, ҳамаашро аз худи ӯ дониста мегиред.

— Дар гумон, — вақте ки Генкок ва боз ду-се афсари дигар ба маслиҳати майор гӯш карда, ба назди мустангер рафтани шуданд, ғур-ғур намуд Слоумен.

Морис аз фарши қумпошида хомӯшона қадам зада ба пешдӯкон наздик рафт.

— Лутфан як стакан вискию об диҳед, — хоксорона ба соҳиби бар муроҷиат намуд вай.

— Вискию об? — беилтифотона такрор кард вай. — Шумо вискию об мехоҳед? Як стаканаш ду пенни меистад.

— Ман аз шумо намепурсам ки чанд пул меистад, — ҷавоб дод мустангер. — Илтимос мекунам, ки як стакан вискию об диҳед. Доред ё не?

— Ҳа-ҳа! — аз оҳанги ҷиддии мустангер тарсида, саросемавор ҷавоб дод немис. — Ҳар қадар ки хоҳед, ҳар қадар ки вискию об гӯед, ҳаст! Марҳамат!

Ҳоло ки соҳиби бар виски мерехт, мустангер ба сарҷунбониҳои боилтифотони афсарҳо боадабона ҷавоб медод. Ӯ бо аксари онҳо шинос буд, чунки кор қати тез-тез ба қалъа меомад.

Чӣ тавре ки майор маслиҳат дода буд, афсарҳо акнун ба вай савол додаӣ буданд, вале пайдошавии боз як муштарии дигар онҳоро маҷбур сохт, ки муваққатан аз нияти худ гарданд.

Он шахс Кассий Колхаун буд. Ба гумон, ки дар ҳузури вай дар ин хусус гап кушодан ҷоиз буд.

Кассий Колхаун бо қиёфаи ҳавобаландонаи ба ӯ хос ба гурӯҳи ҳарбиён ва гражданҳо наздик шуда таъзим намуд. Одатан

пешина
аз 509
навбатӣ