Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамроҳи онҳо боз як афсари дигар буд, ки аз рӯи синну сол ва рутба аз онҳо калонтар буд — ӯ пагонҳои майорӣ дошт. Азбаски рутбаи вай дар қалъаи Инҷ аз ҳама баланд буд, илова кардан барзиёдӣ мебуд, ки ӯ ба гарнизон фармондеҳӣ мекард.

Ин суҳбат комилан шакли бетакаллуфона дошт, гӯё ҳамаи онҳо лейтенантҳои ҷавон буданд. Онҳо доир ба воқеаҳои рӯзона рӯй додагӣ суҳбат мекарданд.

— Лутфан гӯед, майор, — пурсид Генкок, — шумо, эҳтимол, ба куҷо асп тозонда рафтани мисс Пойндекстерро донед?

— Аз куҷо донам? — ҷавоб дод афсаре, ки савол ба ӯ дода шуда буд. — Дар ин бора аз аммабачаи ӯ Кассий Колхаун пурсед.

— Мо аз ӯ пурсидем, аммо ягон чизи таъин нагуфт. Зоҳиран аз мо зиёдтар намедонад. Ӯ ҳангоми бозгашт дуртар аз сайргоҳ онҳоро вомехӯрад. Онҳо дуру дароз беному нишон шуда мераванд ва назар ба кафки бадани аспонашон хеле дур рафта будаанд. Дар ин байн онҳо ба Рио-Гранде ва ҳатто дуртар рафта мерасиданд.

— Вақти гашта омаданаш шумо ба қиёфаи Колхаун аҳамият додед? — пурсид капитани пиёдагард.— Аз қошу қавоқаш барф меборид ва, зоҳиран, ким-чи гуна воқеаи басе ногувор хотирашро мушавваш мекард.

— Ҳа, дар ҳақиқат қиёфааш хеле маҳзун буд, — ҷавоб дод майор.— Аммо, боварӣ дорам, капитан Слоуман, шумо тахмин намекунед, ки ин...

— Рашк бошад? Ман ба ин шубҳа надорам. Ба ҷуз рашк дигар ҳеҷ чиз шуданаш мумкин нест.

— Чӣ тавр? Рашк ба Морис-мустангер? Монед-е. Гап намешудагӣ! Ба ҳар ҳол, аз ҳақиқат дур!

— Чаро, аз ҳақиқат дур, майор?

— Азизам, Слоумен, Луиза Пойндекстер — леди аст, Морис Ҷералд бошад...

— Шояд, сентльмен бошад — охир зоҳири кас фиребанда аст.

— Бало занад, — бо нафрат гуфт Кроссмен, — он тарафаш аспфурӯш! Майор дуруст мегӯяд: — ин аз ҳақиқат дур мебошад.

— Эҳ сентлменҳо! — ба таври пурмазмун сар ҷунбонида ба гап давом намуд афсари пиёдагард.— Шумо ман барин мисс Пойндекстерро нағз намедонед. Агар аз ҳад зиёд таъриф нашавад,

пешина
аз 509
навбатӣ