Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
шамолдоро шамолбарони нағзи ҳаво ғамхорӣ кардан лозим аст.
Меҳмонхонаҳои Техас, зотан, ҳамаи меҳмонхонаҳои Штатҳои Муттаҳида, дар як вақт ҳам хизмати биржагиро ба ҷо меоранд, ҳам клубро. Шояд, маҳз барои қулай ва арзон будани меҳмонхона дар Америка қариб клуб нест.
Ҳатто дар шаҳрҳои калонтарини соҳили Атлантик клуб умуман чизи зарурии ҳисоб намеравад. Нархҳои мувофиқ дар ҳотелҳо ва таомҳои аъло, ҷойҳои озодааш ба нашъунамои клубҳо халал мерасонанд, ки дар Америка бемақсуд мебошанд ва ҳамчун як чиз ба ӯ бегона мондан мегиранд.
Ин мулоҳиза ба ҳар ҳол асосан ба шаҳрҳои ҷанубӣ ва ҷанубӣ-ғарбӣ дахл дорад, ки дар он ҷо майхона ва барҳо ҷои дӯстдоштаи мулоқот ва истироҳат мебошанд. Дар ин ҷойҳо маъракаҳои ҳархела ҷамъ меоянд. Плантатори мағруру ор накарда, — зеро ба ор кардан ҷуръат наменамояд — дар як хона бо камбағалон, аксар вақт худи ӯ барин мағрур шишта менӯшад. Дар бари меҳмонхонаи «Роҳатфизо» намояндаҳои ҳамаи синфҳо ва касбу корро, ки дар посёлка ҳастанд, ба ҷуз деҳқонон, дидан мумкин аст — дар ин кишварҳо деҳқон нест.
Дар худи Штатҳои Муттаҳида деҳқон нест, дар Техас низ деҳқонон нестанд.
Шояд, аз ҳамон рӯзи Доффер лавҳаашро овехтагӣ дар бари вай ягон маротиба ин қадар одам ҷамъ наомада буд, чӣ тавре пас аз сайри дар боло тасвир шуда, вақте ки иштирокчиёни он ба қалъаи Инҷ баргаштанд.
Қариб ҳамаи онҳо, ба ҷуз занҳо, зарур донистанд, ки базмро дар бар анҷом диҳанд. Баробари ба ёздаҳ наздик шудани ақрабаки соати холандӣ, ки дар байни шишаҳои ҳарранга тиқ-тиқ мекард, паси ҳам ба бар муштарҳо даромадан гирифтанд. Афсарҳои қалъа, плантаторҳо, ки дар ҳамсоягӣ истиқомат доштанд, маркитантҳо, бо мол таъминкунандагон, қаллобон ва одамони касбу корашон номуайян паси ҳам ба он ҷо медаромаданд. Ҳар кадоми онҳо рост ба назди пешдӯкон мерафт, нӯшокии дӯстдоштаашро фармуда, баъд рафта ба ягон маърака ҳамроҳ мешуд.
Яке аз чунин маъракаҳо махсусан диққатро ба худ ҷалб менамуд. Дар он тахминан даҳ кас буд, ки нисфашон дар тап мундир доштанд. Ба гурӯҳи мундирпӯшон се афсаре, ки аллакай ба хонанда шинос мебошанд, тааллуқ доштанд; капитани пиёдагард ва ду лейтенант — драгун Генкок ва тирандоз Кроссмен.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё