Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

допатопро мешиканад. Ин ҷентлмени ҷавони озода блузаи суфи кабуд, ё аз катони сафед нимтана, ё шояд, аз линобатист куртаи канораҳояш тӯрӣ, ки худо медонад ким-кай пар-пар карда шудааст, дорад. Ин ҷавони олуфта, барои шумо «шерри коблер»-ро омехта карда, рост ба чашмонотон менигарад ва бо шумо аз сиёсат гап мезанад, дар сурате ки ях, май ва об аз стакон ба стакон холӣ шуда, ҷило медиҳанд ва дар пасӣ вай монанд ба партави рангоранг чизеро ё холаеро ташкил медиҳанд, ки даври сари помада молидаи ӯро гирифтааст.
Агар шумо дар штатҳои Ҷанубии Америка саёҳат карда бошед, шумо, албатта, ӯро фаромӯш накардаед. Агар ҳамин тавр бошад, дар он сурат суханони ман ва муҳити атрофро ба хотират меоранд: бареро, ки дар байни рафҳои бисёр ва шишаҳои рангоранг ӯ идора мекунад; шумо деворча, фаршеро, ки реги сафед пошида шудааст ва баъзан пасмондаи сигор ғалтида хобидаасту туфӣ ҷигарранг дида мешавад, ба хотир биёред; шумо инчунин бӯи наҳно, арақи явшон ва пӯсти лиму, виззоси галан магасҳои мукаррарии сиёҳ, пашаи гӯшт ва хомӯшакҳои сахт газандаро ба хотир биёред. Ҳамаи инҳо бояд дар майнаи шумо нақш баста бошанд.

Агарчӣ меҳмонхонаи «Роҳатфизо» аз муассисаҳои дигари ба ҳамин монанди Техас кам фарқ дошта бошад ҳам, ба ҳар ҳол хусусиятҳои худро дошт. Соҳиби он янкии корчаллон не, балки немисе буд, ки ба куллӣ сазовори номи ҳамватанонаш буд, ки онҳо таъминкунандаи беҳтарин озуқаҳо ба ҳисоб мераванд. Дар бар ӯ худаш хизмат мекард; ва ҳангоме ки шумо ба он ҷо медаромадед, ҷентлмени ҷавони олуфта бо мӯи анбӯҳи хушбӯ ва куртаи пурчини не, балки немиси ботамкин бароятон нӯшокӣ тайёр мекард ва ба назар чунон хушёр менамуд, ки гӯё ин нӯшокиҳои хушбӯро, ки дигаронро зиёфат мекард, ҳеҷ гоҳ ба даҳон намегирифт. Сокинони маҳаллӣ ӯро кӯтоҳакак «Доффер» меномиданд, агарчӣ дар ватанаш бо фамилияи Обердоффер машҳур буд.

Ин бар боз як хусусияти дигар дошт, ки зимнан танҳо хоси он набуд. Чӣ тавре ки аллакай маълум шуд, меҳмонхона шакли ҳарфи «Т»-ро дошт; бар дар бинои кӯндаланг воқеъ гашта, деворчааш ба дарозин девор кашида шуда, ба бинои асосӣ мепайваст. Дар ҳар чети бар даре буд, ки ба майдон мебаромад.

Ин тарзи ҷойгиршавии дарҳо ба хусусиятҳои иқлими маҳаллӣ вобаста буд; дар он ҷое, ки термометр шаш моҳи сол
дар соя аз 30 дараҷа баланд нишон медиҳад, ҳатман дар бораи

пешина
аз 509
навбатӣ