Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҷамоати хушҳолро мебинед, ки ҳамон шампани фаронсупро нӯшида нишастанд. Ошашон шавад, нӯшидан гиранд, фақат виски ба хотирашон наояд шудаст, зеро вақти ман расида рафтан чизи гулӯ тар мекардагӣ намемонад.

Колҳаун кайҳо боз ба суханони пуробу ранги шикорчии пир гӯш намеандохт. Баробари дидани дарахте, ки дар уфук истода буд, аспи чирандашро маҳмез зада чорчӯб тозонд ва пирамард Зебро машғули кори худ гузошт.

— Алҳазар! — хитоб намуд шикорчӣ ва сар бардошта дид, ки дараки капитан нест. — Барои фаҳмидани ин телбагӣ ақли қазоие лозим нест; агарчи чандон рамузфаҳм набушам ҳам, ба гумонам, ин рашки ҳақиқист, ки из гирифта такудав мекунад.

Зеб Стумп саҳв накарда буд. Маҳз рашк, рашки девонавор Кассиус Колҳаунро маҷбур сохт, ки ҳарчӣ зудтар ба роҳаш ақиб гардад. Ин рашк борӣ аввал дар дашти сӯхта ӯро ба азоб додан сар карда буд; рӯз то рӯз он пурзӯртар гардида, на фақат чизи дар амал дидагимаш, балки инчунин ба назар менамудагимаш онро авҷ мегиронд; оқибат он тамоми эҳсосоти будагии дили ӯро пахш кард.

Мустангер мустанги гули бодомро ба Луиза тақдим намуда, ба зин одат кунонд, Луиза бошад, ин тӯҳфаро қабул карда, ҳатто шодию хурсандии худро пинҳон доштаӣ нашуд. Ин ва баъзе мушоҳидаҳои дигар ба тасаввуроти аллакай шиддатёфтаи капитан таъсир карданд ва ӯ дар дил боварӣ ҳосил кард, ки Морис-мустангер рақиби асосии ӯ шуда монд.

Мақоми оддии шикорчии аспҳо, гӯё на фақат барои чунин боварии қатъӣ, балки ҳатто барои гумону шубҳа низ набояд асоси ҷиддӣ мебахшид.

Агар Колҳаун хулқу атвори Луиза Пойиндекстерро нағз намедонист, эҳтимол, ки ҳамин тавр мебуд; аз сини кӯдакӣ ӯ мустақилияти комил аз худ нишон медод, далерию ҷасорат хоси вай буданд, ки бо беандешагӣ шабоҳат доштанд, — ба гумон умед кардан мумкин буд, ки вай ба урфу одатҳои муҳити худ эҳтибор мекунад. Барои аксарияти занони доираи вай камбағалӣ ва пастии зоту насаби шикорчии аспҳои ваҳшӣ агар барои издивоҷи нобаробар набушад ҳам, ба ҳар ҳол барои рафторҳои бемулоҳиза метавонистанд, хизмати монеагиро ба ҷо биёранд;

пешина
аз 509
навбатӣ