Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
— Ба ҷаҳаннам равад, ин пӯст! — бадхашмона гуфт Колхаун. — Мопед, биёед рафтем!
— Воло ки равам, — хунсардона гуфт Зеб ва бо корди тез пӯсти шиками аспи мурдаро бурид. — Агар шумо рафтани бошед, мистер Колхаун, рафтан гиред, Зеб Стумп бошад, то пӯстро ба пушти модини абгораш бор накунад, аз ҷо намеҷунбад.
— Гӯш кунед, Зеб, чӣ пас аз ин ки худатон танҳо равед, мегӯед? Охир шумо медонед, ки ман роҳро намеёбам.
— Воқеан, ин гапатон дуруст барин. Ҳа, ман ҳам нагуфтам, ки меёбед.
— Охир гӯш кунед, пирмарди якрав! Маҳз ҳозир вақт барои ман қимат. Шумо бошед камаш ним соат бо ин пӯст овора мешавед.
— Бист дақиқа намекашад.
— Бигузор бист дақиқа. Вале барои ман бист дақиқа вақт, аз панҷ доллар дида хеле қиматтар меистад! Охир шумо арзиши ин пӯстро ҳамин қадар гуфтед? Аз баҳраш бароед, қавл медиҳам, ки пулашро медиҳам.
— Хӯш. Ин бағоят баландҳимматӣ-ку! Лекин чӣ бошад, ки ман намехоҳам таклифи шуморо қабул кунам. Барҳои ин пул гирифтан аз ҷониби ман разилӣ мешавад, алалхусус мо шинос ҳастем ва ҳамроҳ меравем. Аз тарафи дигар, ман намемонам, ки пӯсти панҷ доллар арзиш доштагӣ дар ин ҷо пӯсида равад, ва то боз ба ин ҷойҳо омадани ман онро каргасон пора-пора кунанд.
— Худо медонад, ки ин чӣ гап! Вале ман чӣ кор кунам?
— Шумо шитоб доред? Хӯш... Афсӯс ки шуморо ҳамроҳӣ карда наметавонам... Истед! Ҳоҷати маро маътал шуданатон нест. Шумо роҳи сайргоҳро бо осонӣ ёфта рафта метавонед.
Нигоҳ кунед, дар уфуқ дарахте менамояд, — дидед, сафедори баланд?
— Ҳа, дидам.
— Хӯш... Шинохтед? Ин растании аҷиб аз дарахт дида бештар ба нокусхона монанд.
— Ҳа-ҳа, акнун шинохтам. Охир мо вақте ки модиёнҳои ваҳширо дунболгирӣ мекардем, аз наздаш тохта гузашта будем.
— Тамоман дуруст. Акнун чӣ ба шумо халал мерасонад, ки бо ҳамин роҳ баргардеду аз паҳлӯи сафедор гузашта, ба изи модиёнҳо, лекин ба самти муқобил рафтан гиред? Ҳамин тавр шумо ба сайргоҳ мерасед ва мисс Пойндекстер ва аҳли

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё