Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

онҳоро на фақат дар ин ҷо, балки дар он канор намебинед? Ва мисс Пойиндекстер аввал ҷаҳида аст. Алҳазар! Духтар нею офат! Ҳардуяшон пеш аз айгирро паррожидан бояд ҷаста гузашта бошанд, вагарна ин ба онҳо муяссар намегардид. Аз дигар ҷо не, фақат аз ҳамин ҷо ҷаста гузаштан мумкин буд. Офарин мустангер! Айгирро дар ҳамин ҷои танг куштааст.

— Ба фикри шумо вай ва духтари тағоям ман аз оббурда баробар ҷаста гузаштаанд?

— Баробар не, — ҷавоб дод Зеб ва аз ин қадар бо тафсил пурсупос кардани Колҳаун бегумон буд. — Ман аллакай гуфта будам, ки моҳиёни гули бодом якум ҷаҳидааст. Ба он тарафи оббурда нигоҳ кунед, изаш маълум.

— Дидам.

— Магар намебинед, ки изи суми аспи мустангер онҳоро зер кардааст?

— Бале-бале!

— Аз тамоми гала ягон айгир ҷаҳида ба он тараф нагузаштааст. Зоҳиран, кор ин тавр будааст: ҷавон ҷаста мегузараду ба сӯи ин ҳайвон тир холӣ мекунад. Ин аз паси худ дарвозаро бастан кати бадбаробар. Айгирҳо мебинанд, ки саргалаашон меафтад, дар ҷой меистанд ва гашта ба ақиб мегурезанд. Ана дар ин ҷо изҳо қад-қади оббурда рафтаанд.

— Шояд, онҳо дар дигар ҷо аз оббурда гузашта таъқибашонро давом дода бошанд?

— Агар ин тавр мебуд, то ин ҷо гашта омаданашон даҳ мил тохтанашон лозим меомад: панҷ мил лаб-лаби оббурда боло— панҷ мил ақиб. Вале ин кор нашудааст, мистер Колҳаун. Парво накунед, онҳо дигар мисс Луизаро таъқиб накардаанд. Онҳо аз оббурда гузашта, бо мустангер паҳлӯ ба паҳлӯ асп тозонда рафтаанд: осудаҳо хотирҷамъ ду гӯсфанд барин. Аз хатар наҷот ёфтаанд; акнун, эҳтимол, онҳо ба ҷои фургони озуқаворӣ истодагӣ рафта бошанд.

— Рафтем! — пештара барин бесаброна гуфт Колҳаун, ки гӯё духтари тағояшро ҳоло ҳам хатар таҳдид мекард. — Рафтем, мистер Стумп! Ҳарчӣ зудтар.

— Лутф фармоед, шитоб накунед, — ҷавоб дод Зеб ва оромона аз асп фуромада кордашро аз гилоф баровард. — Ягон даҳ дақиқа сабр кунед.

— Сабр кунам? Барои чӣ? — хашмгинона пурсид Колҳаун.

— Пӯсти ҳамин айгирро гирифтан лозим. Пӯсти нағз! Дар посёлкаамон онро камаш панҷ доллар мефурӯшам. Дар дашт ҳар рӯз панҷ доллар ёфтан осон не.

пешина
аз 509
навбатӣ