Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
аз паҳлӯяшон тозон гузаштани савораҳо ин корро кардаанд. Бояд кор сурати дигар гирифта бошад.
— Шумо бо ин чӣ гуфтанӣ ҳастед?
— Гуфтанӣ ам, ки акнун баъди ин савораҳо модиёнҳоро не, балки модиёнҳо онҳоро таъқиб кардаанд.
— Инро аз куҷо медонед?
— Магар намебинед, ки изи наълҳоро модиёнҳо поймол кардаанд... Модиёнҳо куҷо — охир ин нақши сумҳои калон! Онҳо қариб як дюм калон. Аз ин ҷо галаи айгирҳо гузаштагӣ. Алҳазар! Наҳод онҳо...
— «Онҳо» чӣ?
— Модиёни гули бодомро таъқиб карда бошанд? Агар ҳамин тавр бошад, дар он сурат ҷони мисс Пойндекстер дар хатар будааст. Пеш меравем.
Шикорчии пир маътали ҷавоб нашуда аспашро резачорпо ронд. Колхаун бошад, ба думболи ӯ равон шуда, маънии ин суханони пурасрорро фаҳмида гирифтан мехост. Аммо Зеб фақат даст афшонда, гӯё гуфтан мехост: «Шилқин нашав, корам аз ҳар чӣ бисёр».
Чанд гоҳ диққати вай тамоман ба омӯхтани изҳо банд буд. Фарқ кардани нақши наълҳо кори осон набуд, чунки айгирҳо онҳоро поймол карда буданд. Аммо шикорчӣ ҳоло ки пештара барин резачорпо асп меронд, ҷо-ҷо онҳоро пайхас мекард. Фақат пас аз он ки Зеб модиёнашро дар масофаи сад ярд аз оббурда нигоҳ дошт, ташвишу изтироб аз чеҳрааш барҳам хӯрд; танҳо акнун ӯ ба додани эзоҳот розӣ шуд.
— Эҳ-ҳа, ана гап дар куҷо будааст! — онро шунида гуфт Колхаун. — Аз куҷо медонед, ки онҳо наҷот ёфтаанд?
— Ба ин сӯ нигаред!
— Айгири мурда... Ба наздикӣ кушта шудагӣ... Ин чӣ маъно дорад?
— Маъноаш ҳамин ки ӯро мустангер куштааст!
— Ва ба фикри шумо, ба ҳамин тариқ дигаронашонро рамондааст, ки дунболгириро бас кунанд?
— Дунболгириро-ку бас кардаанд, аммо дида мешавад, онҳоро садои тир не, балки ана ин чиз — ҷасади айгир нигоҳ доштааст. Чин занад, аз ин ҷо чаҳиданашро гӯед!
Зеб ба оббурдани чуқур, ки ба лабаш расида буданд, нишон дод.
— Ба гумони шумо онҳо чаҳида гузаштаанд? — пурсид Колхаун. — Ин номумкин!
— Яқин чаҳида гузаштаанд. Магар шумо изи суми аспони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё