Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

даркорӣ баровард. — Ҷин занад, мехостам донам ки бо Луиза чӣ воқеа рӯй дода бошад? Аҷиб, наход ки модӣёни лаънатӣ вай барин ҷовандозро гирифта гурехта бошанд?! Ҳеҷ бок не, хавотир нашавед. Мустангер, албатта, модӣёнро бо лассо дастгир мекунад ва ҷунунашро зада мебарорад. Чаро шумо дар ин ҷо истодед?

— Сарфаҳм намеравам, ки ба кадом тараф рафта бошанд. Аз рӯи ин изҳо пай бурдан мумкин, ки онҳо дар ин ҷо истодаанд. Аммо намебинам, ки изҳо ба кадом тараф рафтаанд.

— Ҳа-ҳа, гапатон дуруст, мистер Колҳаун. Онҳо дар ин ҷо ва бо ҳамдигар хеле наздик истодаанд. Дигар ба дунболи модӣёнҳои ваҳшӣ асп натозондаанд. Ин яқин. Пас набошад, куҷо рафтаанд?

Зеб Стумп саволомез ба замин назар андохта, гӯё аз Колҳаун не, аз замин маҳтали ҷавоб буд.

— Дар ягон ҷо изи аспонашонро намебинам, — гуфт капитани мустафӣ.

— Намебинед? Ман дида истодаам. Ба ин сӯ нигаред! Ана бинед, алафро зер кардагӣ.

— Намебинам.

— Анаю халос! Дурусттар нигоҳ кунед! Наъли калон ва ана дар паҳлӯяш наъли хурд. Онҳо ба он сӯи асп тозонда рафтаанд. Пас, фақат то ин ҷо аз паси модӣёнҳои ваҳшӣ омадаанд. Аз паяшон меравем?

— Албатта!

Зеб Стумп гапро кашол надода, ба паи нав, ки шояд, ба касони дигар номаълум бошад ҳам, аммо аз чашми вай номаълум намемонд, равон шуд.

Дере нагузашта ҳамроҳаш низ онҳоро дид: ин дар ҳамон ҷое буд, ки Морис ва Луиза аз айғирҳои ваҳшӣ наҷот ёфтани шуда, боз чорнаъл асп тозонда буданд ва нақши суми аспҳои наъл карда дар рӯи сабза чуқур нишаста буданд.

Пас аз чанд вақт онҳо аз нав гум шуданд, ё худ, дурусттараш, барои чашмони Зеб Стумп барин пайшинос, ки онҳоро дар миёни садҳо нақши сум дар рӯи алафи зеркарда фарқ мепамуд, маълум буданд.

— Оҳо! — нохост бо тааҷҷуб хитоб намуд шикорчии пир.— Дар ин ҷо чӣ воқеа рӯй дода бошад? Ким-чигуна ҳодисаи ғалатӣ...

— Охир ин нақши суми модиёнҳои ваҳшӣ-ку, — гуфт Колҳаун. — Онҳо гӯё давр зада ақиб гаштаанд.

— Агар давр зада ақиб гашта бошанд ҳам, фақат дар сурати

пешина
аз 509
навбатӣ