Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Вай ҳатто худаш дурустакак тасаввур карда наметавонист, ки оқибати ҳамаи ин чӣ мешавад; ва фақат аз рӯи назари маъшумаш, ки вай гоҳ-гоҳ ба дасти таппончаҳои кундокашон аз гилофҳо баромада меандохт, пай бурдан мумкин буд, ки ӯ нияти бадхоҳонае дорад.
Агар як ҳолат қобили таваҷҷӯҳ намебуд, Колхаун дигарон барин роҳро гум мекард. Ӯро изҳои нағз шиноси ду асп аз паси худ мебурданд. Яке аз изҳо, ки калонтар буд, онро азиятвардо на равшан дар хотир дошт. Ӯ ин изро дар рӯи хокистари дашти сӯхта дида буд. Ҳамон вақт ким-чӣ ӯро маҷбур сохта буд, ки изҳоро дар хотир нигоҳ дорад ва акнун ба осонӣ онҳоро шинохт.
Оқибат капитани мустафӣ дартоз ба буттазор наздик шуд ва дере нагузашта худро дар ялангие дид, ки дар он ҷо мустанги гули бодом нохост қарор гирифта буд. То ин ҷо ӯ самтро бо осонӣ муайян кард, вале ба ин ҷо расида гаранг шуда монд. Дар байни нақши суми модёнҳои ваҳшӣ изи наъл ҳӯнуз намоён буд, аммо дар ин ҷо аспҳо бо суръат пеш натохта буданд. Саворон дар ин ҷо қарор гирифта, бар ба бар истода буданд.
Акнун ба кадом тараф бояд рафт? Дар байни изи манада акнун дигар нақши наъл наменамуд; умуман изи наъл дар ҳеҷ куҷо дида намешуд. Замини гирду атроф сахт ва пур аз сангреза буд. Аспи резачорпо не, танҳо аспи чорхез давон дар он из гузошта метавонист.
Пеш аз он ки модёнҳои гули бодом ва турук чорхез ба сӯи доми аспони ваҳшӣ равон шуда буданд, вақти аз ин ҷо ба роҳ даромадан масофан чандин ярдро оромона тай намуда буданд.
Пайгири бетоқат дар тааҷҷуб монда буд. Ӯ изи модёнҳои ваҳширо гирифта якзайл чарх мезад ва самти аспони наълдор рафтагиро наёфта, аз нав ба ҳамон ҷо баргаштагӣ.
Ӯ тамоман гаранг шуда, акнун сахт ба ташвиш афтода истода буд, ки ба сӯяш омадани савораеро дид.
Аз андоми бисёр бузурги бетаносубаш, аз риши дарозаш, ки савори модёни аз ҳама бадрехте буда, мислу монандашро дар гирду атроф дар масофаи сад миль ёфтан мушкил буд, бо осонӣ шикорчии пирро шинохтан мумкин буд. Кассий Колхаун бо Зебулон Стумп ва Зеб Стумп бо Кассий Колхаун ҳанӯз хеле пеш аз ба сарзамини Техас қадам гузоштан шинос буданд.
— Хӯш, мистер Колхаун, мисс Лупзаро дарёб кардед? — пурсид шикорчӣ бо оҳанги ҷиддӣ, ки чунин тарзи гуфтор барои вай ғайриодӣ буд. — Не, дарёб накардед, — ба гапаш давом намуда ва ба чеҳраи ғамгини Колхаун назар андохта, хулосаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё