Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
дақиқаҳои истироҳат дар лаби кӯл, дар дашт, дар кулбаи оддии вай — ҳамаи ин муддат Морис Чералд бо ӯ боодобона рафтор мекард ва боназокат буд.
Боби XVIII
РАШК ПАИ ПАИ МЕРАВАД
Аз чил саворае, ки барои наҷот додани Луиза шитофтанд, фақат каме аз онҳо хеле дур рафтанд. Онҳо галаи аспони ваҳшӣ, мустанги гули бодом ва мустангерро аз пеши чашм гум карда, оҳиста-оҳиста ҳамдигарро аз назар гум мекарданд. Дере нагузашта онҳо танҳо-танҳо, ду-ду, ё гурӯҳҳои се-чор нафариро ташкил дода дар дашт пароканда шуданд. Аксарияташон, ки таҷрибаи пайшиносӣ надоштанд, изи манадаро гум карда, бо изи дигар ки шояд, изи ҳамон манада буда, вале пештар гузошта шуда буд, равон шуданд.
Драгунҳо бо сардории афсари ҷавоне, ки нав омӯзишгоҳи ҳарбии Уэст-Поинтеро тамом карда буд, низ изи галаро гум карда, ба тарафи изи кӯҳнае, ки ба шохаҳо ҷудо мешуд, тоб хӯрд; аксарияти меҳмонон ҳам аз паси драгунҳо равон шуданд.
Онҳо аз дашти теппадор, ки ҷо-ҷо онро минтақаи буттазор бурида мегузашт, равон буданд; бутта ва теппаҳо саворонро панаҳ менамуданд ва ба зудӣ онҳо ҳамдигарро аз чашм гум карданд. Тахмин пас аз бист дақиқаи саршавии дунболгирӣ, танҳо парранда дар осмон таки панҷоҳ савора дида метавонист, ки зоҳиран аз як ҷо роҳ баромада, аммо акнун ба ҳар тараф асп монда мерафтанд.
Фақат як савора ба самти даркорӣ асп тозонда мерафт. Ӯ ба аспи чиранди боқуввате савор буд, ки рости гап, бо зебопаш фарқ накунад ҳам, аммо тобовар ва тезрафтор буд. Сюртуки кабуд, ки тарзи буриш ва дӯхташ нимҳарбӣ буд ва фураҷкаи кабудаш аз он шаҳодат медоданд, ки ин савора худи капитани мустаъфӣ Кассий Колхаун мебошад. Ӯ изро дуруст гирифта асп меронд; Колхаун бо зарби қамчин ва маҳмез аспро маҷбур месохт, ки чорнаъл тозад. Худи ӯро фикре ба сони маҳмез ҳадақа мекард — ин фикр ӯро маҷбур месохт, ки барои расидан ба мақсад тамоми қувваташро ба як ҷо ҷамъ кунад.
Ӯ мисли саги тозии гурусна гарданашро пеш дароз карда, ба из аз асп метозонд ва умедвор буд, ки барои ҷидду ҷаҳдаш саворони подош мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё