Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

... - Бо дилу ҷон! Ин барои ман навигарии калон! Бигузор падараму дигарон сабр кунанд! Бе ман ҳам хонумҳо бисёру ё ин ки бигузор ба ҷустуҷӯи изи мо машғул шаванд. Ин аз мустанг-шикорӣ ваъдашуда камтар шавқангез нест. Ман бошам хурсандона таклифи шуморо қабул мекунам.

  • Фақат аз ҳамин ҳавотирам, ки шуморо ба ҳеҷ чиз зиёфат карда наметавонам. Фелим якчанд рӯз боз худаш танҳо буд. Охир вай шикор карда наметавонад ва, шояд, анбори мо холӣ бошад. Нағз, ки шумо то ин пойгаи қасофат камтар хӯрок хӯрда будед.

Яқин, на анбори Фелим Луиза Пойндекстерро маҷбур сохт, ки аз роҳ тоб хӯрад. На чандон шавки шунидани шеваи гуфтори Фелим дошт. Ва на майли дидани кулбаи мустангер ӯро ба ин тараф мекашид. Ӯро эҳсосе тела медиҳад, ки ба он мадори муқобилат кардан надошт, гӯё ӯ боварӣ дошт, ки ин қисмати вай қабошад.

Луиза ба кулбаи яккаву танҳои Аламо расида, вориди он гардид. Ӯ асбобу анҷоми ғайриоддии онро бо шавқу завқ аз назар мегузаронд ва дар кулба китоб, қоғаз, асбобу анҷоми хатнависӣ ва дигар майда-чуйдаҳоеро, ки аз соҳибмаълумот будани соҳиби ҳақале шаҳодат медоданд, дида ба таври гуворо ҳайрон монд. Бо ризояти ошкоро ба лаҳҷаи гуфтори ғалатии Фелим гӯш меандохт; ҳар чи ки меҳмондорӣ мекарданд, не нагуфта мехӯрд, ба ҷуз он чи ки бештар аз ҳама ба чашида дидан розӣ кардан шуданд, «аз ҳамин шиша» як чакра нӯшокии рӯҳбахш буд. Ва ниҳоят шоду хурсанд баромада рафт.

Аммо ин хушҳолӣ яклаҳзагӣ буд. Димоғи чоқ, ки навигариҳои таассурот боиси он гардида буданд, барҳам хӯрд. Боз аз дашти гулпӯш гузашта равон ғарқи фикру хаёл гардид. Ва нохост фикре аз хаёлаш гузашт, ки аз ин фикр қалби ӯро сардии азиятовар фаро гирифт.

Оё вай аз он азоб мекашид, ки падару бародар ва дӯстонашро ба ин қадар дуру дароз музтариб шудан водошта буд? Ё шояд, аз он ҳавотир буд, ки рафтори ӯро сабукфикрӣ ҳисоб мекунанд?

Не, ин Луизаро азоб намедод. Абре, ки чеҳраи ӯро тира гардонида буд, фикри дигари басе андӯҳбор боиси он шуда буд. Рӯзи дароз аз қалъа то сайргоҳ, вақти вохӯрӣ дар ялангии беша, ҳангоми фирор аз айгирҳои ваҳшӣ, ки ӯ пуштупаноҳаш буд,

пешина
аз 509
навбатӣ